Дар овоздиҳие, ки дирӯз, 11-уми декабр, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сурат гирифт, ҳубара, ки дуғдоғ низ ном мебаранд, парандаи соли 2025 дар кишвар интихоб гардид.
Ҳубара паррандаи нодир буда, ба Китоби Сурхи иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва Китоби Сурхи Тоҷикистон дохил карда шудааст.
Дар Тоҷикистон ду навъи ин парранда, муқимӣ ва муҳоҷир зиндагӣ мекунад. Имрӯз дар ҷумҳурӣ, тибқи ҳисоби мутахассисон, ҳамагӣ 23 ҷуфти дуғдоғи муқимӣ сабт шудааст, аммо дар давраи муҳоҷират шумораи онҳо то 5 ҳазору 60 адад меафзояд.
Дуғдоғ аз рӯи ҳаҷм аз мурғи хонагӣ каме калонтар буда, дарозии бадани наринаи он 65-75 см ва вазнаш 1,8-3,2 кг аст.
Он паррандаи хеле эҳтиёткор буда, бо эҳсоси хатари ночиз пинҳон мешавад. Аз ин рӯ, ба он наздик шудан қариб ғайриимкон аст. Дарозии умри ин паррандаи нодир тақрибан 20 сол аст.
Барои ҳифзи ҳубара ё дуғдоғ фонди байналмилалии ҳифзи дуғдоғ таъсис дода шудааст, ки барномаи он аз ҷониби ҳукумати Аморати Муттаҳидаи Араб дастгирӣ мешавад.
Шикори ин навъи парранда манъ буда, барои ғайриқонунӣ шикор кардани он 1280 доллар (тақрибан 14 ҳазор сомонӣ) ҷарима баста мешавад.
Ёдовар мешавем, шурӯъ аз соли 2007 дар Тоҷикистон тариқи овоздиҳӣ парандаи сол интихоб мешавад.
Соли ҷорӣ фохтак парандаи сол интихоб гардида буд.
Солҳои пеш кабки кӯҳӣ, бум, зоғчаи кабуд, тазавр, лаклаки сафед, мурғи ҳилол, ҳутҳут, шоҳин, парасту (фароштурук), уқоб, заргулдор ва саъва парандаи сол интихоб шуда буданд.
Додрас ба хонаи машваратӣ рафт. Гумонбарони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” суханони охирини худро гуфтанд
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба ҷойи Рустам Назарзода. Раиси нави КҲФ кист ва роҳбари пешини он бо кадом иқдомаш дар хотирҳо монд?
Гирифторӣ ба бемории зардпарвин дар Суғд зиёд шудааст
Ба хонаводаи қурбониёни кони “Фон-Яғноб” чӣ қадар ҷубронпулӣ пардохт мешавад?
Рустам Мирзозода - додрасе, ки ба вазифаи раиси Додгоҳи олӣ пешниҳод шуд, кист?
Дар пайи вокуниши ҷомеаи Русия. Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро санҷанд
Аз форуму фестивал то консерт ва бузкашӣ. Имсол Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
FSD - аз ҷониби Фонди PATRIP маблағгузорӣ мешавад
Боздошт ва 15 сол ҳабси роҳбари як гуруҳи ҷиноятӣ дар Ҷайҳун баъди 26-сол
Кӯдакони тоҷик пас аз ҷарроҳии дил дар Чин ба ватан баргаштанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста