Як рӯзи таърих – 17 декабр

Соли 1940 – Театри мусиқии тоҷик ба Театри опера ва балет табдили ном кард.

Соли 1972 – Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ордени “Дӯстии халқҳо” таъсис дода шуд.

Соли 2007 – Баъди таъмиру азнавсозӣ Осорхонаи дастхатҳои қадим ва осори миллии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ифтитоҳ гардид.

Соли 2011 – Дар Душанбе аввалин клиникаи хусусии табобати лазерии глаукома ва патологияи чашми диабети қанд кушода шуд.

Соли 2020 – Президенти Тоҷикистон ҷазо барои барангехтани кинаю адовати миллӣ ва мазҳабиро сабук кард. Агар ин амалҳо дар маърази ом ё бо истифода аз воситаҳои ахбори омма содир шуда бошанд, ҳаҷми ҷарима аз 50 то 100 нишондиҳанда барои ҳисоб ва муҳлати ҳабси маъмурӣ аз 5 то 10 шабонарӯзро ташкил медиҳад. Қаблан барои ин амал ба шаҳрвандон ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 5 сол таҳдид мекард.

Соли 2020 – Парлумони Тоҷикистон барои дарёфти кӯмак аз Ҷопон барои мубориза бо COVID-19 ба маблағи 600 миллион йени ҷопонӣ (ҳудуди 57 миллион сомонӣ) иҷоза дод.

fft.tj

Соли 2020 – Рустами Эмомалӣ дубора президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд. Бояд гуфт, Рустами Эмомалӣ санаи 14-уми декабри имсол боз барои 4 соли оянда президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардид.

 

Шахсиятҳо

Соли 1929 – Зодрӯзи Моёншо Назаршоев, доктори улуми таърих, профессор, арбоби давлатӣ

Соли 1947 – Мавлуди Гулрухсор Сафиева, Шоири халқии Тоҷикистон

Гулрухсор Сафиева шоир ва нависандаи шинохтаи тоҷик буда, зодаи деҳаи Яхчи водии Рашт аст. Ӯ аз соли 1992 ба кори эҷодӣ машғул аст ва раисии созмони ҷамъиятии Фарҳангистони шеъри ҷаҳонро ба уҳда дорад. Аввалин шеърҳояш дар рӯзномаи “Қаротегини советӣ” нашр шудаанд. Ӯ муаллифи маҷмуаҳои зиёди шеърӣ, аз ҷумла, “Бунафша”, “Хонаи падар”, “Шабдарав”, “Афсонаи кӯҳӣ”, “Дунёи дил”, “Ихлос”, “Оташи Суғд”, “Гаҳвораи сабз”, “Оинаи рӯз”, “Зодрӯзи дард”, “Рӯҳи Бохтар”, “Қасидаи кӯҳистон”, “Тахти сангин”, “Дар паноҳи сояи худ”, “Девон”, “Биҳишти хобҳо”, “Сад барги ғазал”, “Ҷовидона”, “Сад оҳи як нафас”, “Дигар ишқ” аст.

Гулрухсор манзума ва достонҳо низ офаридааст. Достони “Комсомол”, “Мотами сафед” ва манзумаи “Шабдарав” аз ин қабиланд.

Акс аз "Азия-Плюс"

Дар натиҷаи омӯзиши эҷодиёти шифоҳии халқ Гулрухсор китоби “Фолклори Қаротегин”-ро ба табъ расонд.

Бузургтарин асари мансури Гулрухсор романи «Сакарот» аст, ки дар тӯли тақрибан 20 сол навишта шуда, соли 2009 аз чоп баромад. “Занони Сабзбаҳор” ва “Зан ва ҷанг” аз ҷумлаи асарҳои дигари насрии ӯянд.

Соли 1954 – Зодрӯзи Лола Толис, оҳангсоз

Соли 2016 - Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар синни 61-солагӣ даргузашт.

Соли 2020 – Николай Савченков, аввалин директори Нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун даргузашт.

Соли 1990 – Ҳоҷӣ Содиқ, нависанда ва драматурги тоҷик дар 77-солагӣ аз олам даргузашт.

17 декабри соли 1273 рӯзи марги Ҷалолуддини Балхӣ, ориф суфӣ, мутафаккир ва шоири форс-тоҷик аст.


Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ маъруф ба Мавлонои Балх, Мавлои Рум, Муллои Рум, Мавлавӣ, Худовандгор низ буда, бо тахаллуси Хомӯш ё Хамӯш ва Шамси Табрезӣ эҷод кардааст. Сабаби шуҳрат ёфтани ӯ бо исми Румӣ ин аст, ки солиёни зиёде дар шаҳри Қунияи Рум зиндагӣ кард ва дар ҳамин шаҳр ҷон ба ҳақ супурд.

Аз ӯ осори гаронбаҳо ҳам дар назм ва ҳам дар наср боқӣ мондааст. Ба андешаи муҳаққиқон танҳо “Маснавии маънавӣ” аз лиҳози ҳаҷм бо кулли осори Ҳомер баробар буда, аз “Мазҳакаи илоҳӣ”-и Данте ду маротиба бештар аст. Он аз 25632 байт иборат буда, дорои шаш дафтар аст ва Мавлоно болои ин асар 12 сол заҳмат кашидааст. “Девони кабир”-и ӯ бошад дорои 42 ҳазор байт буда, навъҳои ғиноии осори манзуми ӯро фароҳам овардааст.

Насри Мавлоно, ба андешаи муҳаққиқони осори ӯ, бар пояи назмаш нарасидааст, вале бо вуҷуди ин баланд арзёбӣ мегардад. “Фиҳи мо фиҳӣ” (дар он аст, он чи дар он аст), “Мактубот” ва “Маҷолиси сабъа” осори насрии Мавлоноро ташкил медиҳанд.

Дар ин рӯзи соли 1903 Уилбур ва Орвилл Райт бародарони амрикоӣ  бори аввал як ҳавопаймои пурқувват ва вазнинтар аз ҳаво – ҳавопаймои “Флайер”-ро бомуваффақият озмоиш карданд.


Ҳавопаймое, ки муҳаррики 12 қувваи бензинро дошт, бори аввал дар баландии се метр 12 сония истода, масофаи 39 метрро тай кард. Аммо озмоиш бо ин ба анҷом нарасид. Худи ҳамон рӯз боз се парвози озмоишӣ сурат гирифт. Дар навбати охирин ҳавопаймо дар осмон 59 сония истода, масофаи 250 метрро тай намуд.

Дастгоҳ баъди чорум озмоиш сахт осеб дида, дигар ба ҳаво баланд нашуд. Пас аз чанде, Орвил Райт ихтирои худро таъмир карда, ба осорхона ҳадя кард. Ҳоло “Флайер” яке аз нигораҳои Институти Смитсон дар Вашингтон мебошад.

 

Вазъи ҳаво барои 17 декабри соли 2024

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона аз -2+3º то 3-8º сард, рӯзона аз -3+2º гарм то 0-5º сард; дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2-7º то 10-15º сард, рӯзона аз- 3+2º гарм то -2-7º сард 

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона аз 2+7º гарм то 2-7º сард, рӯзона аз 2+7º гарм то -1+4º, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона аз -1+4º то 7-12º сард, рӯзона аз 2+7º гарм то -4+1º

Asia-Plus

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона аз -2+3º то 3-8º сард, рӯзона аз 1+6º гарм то -3+2º; дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз -3+2º то 9-14º сард, рӯзона аз -1+4º то 1-6º сард 

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона аз 1-6º то 7-12º сард, рӯзона аз 1+6º гарм то 1-6º сард, дар шарқи вилоят шабона 21-26º сард (дар м.Булункӯл то 33-35º сард), рӯзона аз 5-10º то 10-15º сард     

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 4-6º сард, рӯзона -1+1º

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 5-7º сард, рӯзона 0-2º сард

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 5+7º гарм

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорати ҳаво шабона 10-12º сард, рӯзона 0+2º сард 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.