ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 24 ДЕКАБР

Соли 1962 – Аввалин агрегати Нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” дар дарёи Вахш ба истифода дода шуд.

Соли 1932 – Сохтмони роҳи мошингарди “Душанбе – Қӯрғонтеппа” ба итмом расид.

Соли 1969 – Дар Иттиҳоди Шӯравӣ гурӯҳи ташаббускори ҳимояи ҳуқуқи инсон таъсис дода шуд

Соли 1940 – Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таъсис ёфт.

Акс аз "Азия-Плюс"

Соли 2015 – Амри президенти Тоҷикистон дар бораи ҳавасмандгардонии варзишгарон ва муаррифии ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ аз намудҳои гуногуни варзиш ба имзо расид.

Соли 2021 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 45 қонун, аз ҷумла Кодекси андозро дар таҳрири нав имзо кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1908 – Мавлуди Мастибек Тошмуҳаммадов, аввалин генерали тоҷик.

Мастибек Тошмуҳаммадов, раҳбари низомии шӯравӣ ва нахустин генерал аз Тоҷикистони Шӯравӣ буд. Ӯ соли 1937 бо гумони хеши наздик будан бо Шириншоҳ Шоҳтемур аз сафи Артиши Шӯравӣ ихроҷ ва боздошт шуд.

Баъди оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ моҳи августи соли 1941 ӯро дар Артиши Сурх барқарор карданд.

Акс аз Википедия

Ӯ соли 1970 бознишаста шуда, 22-юми ноябри соли 1988 аз олам даргузашт.

Соли 1910 – Мавлуди Набиҷон Баротов, навозанда;

Соли 1934 – Зодрӯзи Муҳаммадалӣ Мадиброҳимов, олими соҳаи техника;

Соли 1942 – Мавлуди Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҷӯрабек Муродов зодаи деҳаи Куруди ноҳияи Айнӣ буда, имсол 82-сола шуд.

Ӯ аз маъруфтарин сарояндагони тоҷик шинохта шуда, дар санъати миллӣ саҳми шоён гузоштааст. Ин ҳунарвар бо суруду наво, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудааст.

Ҷурабек Муродов

Ҷӯрабек Муродов аз соли 1992 ба ҳайси сароянда дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд фаъолият мекунад. Як замон роҳбари бадеии ансамбли “Шашмақом”-и назди Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон буд.

Ӯ дар тӯли фаъолияти эҷодиаш беш аз 2 ҳазор суруд иҷро кардааст, ки тақрибан 450-тояш оҳангҳои худи ӯянд.

Ҷӯрабек Муродов аз ҷумла як силсила мақолаҳои илмӣ низ таълиф кардааст.

Пиромуни эҷоду ҳунари ӯ дар мусоҳибаи "Ҷӯрабек Муродов: Ҳунарманд бояд ба сиёсат ворид нашавад" мутолиа кунед, ки бахшида ба 80-солагиаш ороста шуда буд.

Соли 1943 – Зодрӯзи Ҳуснигул Талбакова, забоншинос, Корманди шоистаи Тоҷикистон;

Соли 1945 – Сайидризо Ализода, мутарҷим ва забоншиноси тоҷик дар синни 58-солагӣ аз олам даргузашт.

Саидризо Ализода аввалин муаллифи адабиёти таълимӣ ба забонҳои тоҷикӣ баъд аз Инқилоби Октябр мебошад. "Дабистони тоҷик", "Китоби нахустин", "Сарфу наҳви тоҷикӣ", "Маданияти ислом", "Саодатнома" аз ҷумлаи онҳоянд.

Сайидризо Ализода

Англисҳо барои сари Саидризо Ализода 50000 фунт стерлинг муқаррар намуда будаанд. Амири Бухоро низ ӯро куштан мехостааст. Баъдан зимомдорони давлати шӯравӣ ӯро бо гумони "ҷосуси империализми ҷаҳонӣ" дар маҳбас ба қатл расониданд. Саидризо Ализода кӣ буд ва чаро барои сари ӯ 50 ҳазор футн стерлинг муқаррар карда буданд, дар маводи 50 ҳазор фунт стерлинг барои сараш. Саидризо Ализода кӣ буд? мутолиа кунед.

Соли 1948 – Мавлуди Абдусаттор Абдуҷаббор, арбоби давлатӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ;

Соли 1957 – Мавлуди Иззатулло Сатторӣ, доктори улуми бахши байторӣ, профессор;

Соли 1961 – Зодрӯзи Набӣ Набизод, журналист;

Соли 1962 – Мавлуди Ҳаётой Мӯъминова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон;

Соли 2015 –  Шарофиддин Сайфиддинов, бастакори маъруфи тоҷик, муаллифи суруди “Республикаи ман” пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 87-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

Шарофиддин Сайфиддинов

Ӯ давоми солҳои 1962-1984 вазифаи раисии Иттифоқи оҳангсозони ҶШС Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Солҳо дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон дарс гуфтааст. Ӯ муассиси Академияи ҳунари мусиқ, феълан факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аст.

Соли 1941 – Онаҷон Азизқулова  химик, доктори илми химия;

Соли 1957 – Ҳомид Қарзай, собиқ президанти Афғонистон.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Дар ин рӯзи соли 1982 Ҳавопаймои Ан-124 “Руслан” аввалин парвози худро анҷом дод. Ин бузургтарин ҳавопаймои ҳарбӣ - нақлиётӣ дар ҷаҳон буд.


Баландии ҳавопаймо 21,1 метр ва паҳноии болҳояш 73,3 м буда, вазни ниҳоии парвоз 392 тонна буд.  Қувваи борбардориаш 120 тонна ва масофаи парвоз 16 000 км-ро ташкил медод. Соли 1990 ин ҳавопаймо парвози сартосарии ҷаҳонро анҷом дода, дар 72 соату 16 дақиқа 50 ҳазору 5 км-ро тай кард.

24-уми декабри соли 1801 дар шаҳраки саноатии Камборн дар ҷанубу ғарби Англия Ричард Тревитик, механик-конструктор аввалин мошини озмоишии буғиро ба намоиш гузошт. Дар таърих он ҳамчун “фойтуни буғӣ”-и Лондон маъруф шуд, ки аввалин воситаи нақлиёти худгарди патентӣ бо муҳаррики буғӣ барои интиқоли мусофирон буд.


Ҳарчанд Николя Кюнои фаронсавӣ соли 1769 аввалин мошини буғиро сохта буд, вале ба далели хеле суст ҳаракат карданаш барои интиқоли мусофирон "фойтуни буғи-и Лондон аввалин нақлиёти мусофиркашони худгард дар ҷаҳон дониста шуд.

Дар соли 1829 ин фойтун барои мусофирон нақлиёти аз ҳама зудгард ҳисобида мешуд ва суръати ҳаракаташ ба 24 км/соат расид. Баъдтар аспҳо монеи рушди фойтунҳои буғӣ шуданд.

 

ВАЗЪИ БОДУ ҲАВО БАРОИ 24 ДЕКАБРИ СОЛИ 2024

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2-7º сард, рӯзона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, рӯзона 0+5º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 7+12º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 2+7º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 10-12º сард, рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард.

Акси марбут
Акс аз Дидор Саъдуллоев

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорати: дар ғарби вилоят шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, рӯзона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 6+8º гарм, дар шарқи вилоят шабона 23-28º сард, дар баъзе минтақаҳо то 32-34º сард, рӯзона 5-10º сард.     

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 2-4º сард, рӯзона 3+5º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 8-10º сард, рӯзона 2+4º сард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.