Рӯзи 17-уми январ дар пайи фурӯ рафтани сангу рег се корманди кони ангишти “Фон-Яғноб”-и ноҳияи Айнӣ ба ҳалокат расиданд. Аз Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, сабаби ҳодиса ҳоло маълум нест ва мутахассисон барои таҳқиқи омилҳои ҳодиса ба кон рафтаанд.

Намояндаи хадамот гуфт, ки зимни тафтишот муайян мешавад, ки оё корфармо ё кормандон ба қонуншиканӣ роҳ додаанд ё не.

“Мутобиқи қонунгузорӣ, масъалаи кӯмаки моддӣ ба хонаводаҳои фавтидагон танҳо пас аз анҷоми тафтишот ҳал карда мешавад”, - гуфт намояндаи ин ниҳод.

Як намояндаи кони “Фон-Яғноб” ба “Азия-Плюс” гуфт, ки тафтишот субҳи рӯзи 20-уми январ оғоз гардидааст ва 15 рӯз идома мекунад.

“Алҳол тафтишоти сабабу омилҳои ҳодиса аз ҷониби намояндагони сохторҳои гуногун аз ҷумла Хадамоти назорати давлатии риояи қоидаҳои бехатарии кор дар соҳаи саноат, прокуратура ва ғайра идома дорад. Баъди муайян шудани ҳолат мувоффиқи Кодекси меҳнат ба аъзои хонаводаи фавтидагон ҷубронпулӣ пардохт мешавад”,-гуфт намояндаи кони “Фон-Яғноб”.

Вай ҷузъиёти ҳодисаро шарҳ надод ва гуфт, ки танҳо баъди анҷоми тафтишот сабаб ва тафсилоти садама маълум мегардад.

Акси марбут
акс аз exclusive.kz

 

Қонунгузорӣ ба хонаводаи фавтидагон чӣ қадар ҷубронпулӣ пешбинӣ кардааст?

Тибқи Кодекси меҳнати Тоҷикистон, хисорот дидан дар ҳодисаҳои нохуш, ки дар ҷои кор рух медиҳад, пардохтҳои якдафъаина ва ҳармоҳаи суғуртавиро пешбинӣ мекунад.

Масалан, дар ҳолатҳое, ки бинобар ҳодисаи нохуш сардори хонавода ҳалок мешавад, тибқи қонун ҷуброни якдафъаина дар ҳаҷми 60% маоши миёна пешбинӣ шудааст. Агар корманд ҷароҳате гирад, ки қобилияти кории ӯро маҳдуд кунад, ӯ ҳаққи гирифтани ҷуброни якдафъаина дар ҳаҷми 12% маоши миёна дорад.

Агар дар оила кӯдаки ноболиғ ё падару модари пиронсол бошанд, ки аз дастгирии саробони хонавода маҳрум шудаанд, пас аз рӯзи қарорҳои комиссия ва то ба камол расидани кӯдаконе, ки дар натиҷаи ин ҳодисаҳо ятим мондаанд, онҳо ҳаққи гирифтани маоши шахси фавтидаро ҳар моҳ доранд.

Ба ҳамин тартиб, тибқи иттилои Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон, ин раванд зери назорати ҷиддӣ қарор дорад.

Дар ин ниҳод гуфтанд, ки агар шахсони зарардида бинобар сабабҳои муайян натавонанд кӯмаки пешбинишударо дастрас намоянд, хадамот омода аст ба онҳо дар гирифтани ёрии қонунӣ мусоидат кунад.

“Қонунгузорӣ корфармоёнро вазифадор месозад, ки ба коргарон хисоротпулӣ пардохт кунанд. Аммо андозаи маблағ бар асоси шартномаи инфиродии байни корфармо ва корманд ё коллективӣ, агар дар корхона кумитаи иттифоқи касаба мавҷуд бошад, муайян мешавад”,-илова карданд дар хадамот.

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ҳодиса дар конҳои ангишти Тоҷикистон набуда соли 2021 низ дар яке аз қитъаҳои ҶСК “Сохтмони Шӯроб” бар асари партоби ногаҳонии гази CO-CO2 дар кони ангишт таркиш ба амал омад, ки бар асари заҳролудшавии шадид аз газ як нафар ба ҳалокат расид.

Шахси ҳалокшуда Абдуманнон Тошбоеви 61-сола, сардори ҳавзаи ангишти “Сохтмони Шӯроб” буд. Ба ҳамсару ду фарзанди ӯ аз ҷониби раҳбарияти “Шӯроб” ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ бояд пардохт мешуд. Ин маблағ пардохт шуд ё не, маълум нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.