Дар Тоҷикистон ҳаққи ваколатнома оид ба ҳуқуқи истифода ва ё ихтиёрдорӣ (доверенность)-и мошин ду баробар гарон шуд. Дар ин робита ба Қонун “Дар бораи боҷи давлатӣ” тағйирот ворид гардид.
Лоиҳаи тағйиротро рӯзи 29-уми май ҳукумати ҶТ мақбул дониста, барои баррасӣ ба порлумон фиристод ва рӯзи 25-уми июн вакилони Маҷлиси намояндагон онро ба тасвиб расониданд. Рӯзи 1-уми октябр раисҷумҳур дар зери тағйирот ба қонуни мазкур имзо гузошт. Пас аз як моҳи нашр дар матбуот он ҳукми иҷро мегирад.
Дар асоси ин тағйирот, ин навгонӣ ба ҳамаи категорияҳои шаҳрвандон, аз ҷумла хешовандони наздик ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ рабт дорад.
Тибқи ин тағйирот ваколатнома оид ба ҳуқуқи истифода барои фарзанд, аз ҷумла фарзандхонда, ҳамсар ва падару модар, ҳаққи тасдиқи ваколатнома аз 25% нишондиҳанда барои ҳисобҳо то 50% нишондиҳанда барои ҳисобҳо афзоиш ёфт. Ин маънои онро дорад, ки хароҷот аз 18,75 сомонӣ ба 37,5 сомонӣ расид.

Ваколатнома оид ба ҳуқуқи истифода барои бародар, хоҳар, набера, бобо ва бибӣ бошад, ҳаққи ваколатнома аз 50% нишондиҳанда барои ҳисобҳо то 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо афзуд, ки ин аз 37,5 сомонӣ ба 75 сомонӣ расид.
Барои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ваколатномаи ҳуқуқи истифодаи мошинро тасдиқ мекунанд, ҳаққи хидмат аз ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо то чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 150 сомонӣ ба 300 сомонӣ) боло бурда шуд.
Ҳамчунин, барои ҳуқуқи ихтиёрдории мошин, ин пардохт аз 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо то 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 1 ҳозору 125 сомонӣ ба 2 ҳозору 250 сомонӣ) зиёд гардид.
Тибқи омори Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ба ҳолати 1-уми марти соли 2024 дар кишвар расман зиёда аз 666 ҳазор воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки қариб ду баробар зиёдтар нисбат ба 10 соли пешин аст.
Аз ҷумла, тибқи маълумоти ин вазорат, шумори мошинҳои сабукрав дар кишвар ҳудуди 587 ҳазор ададро ташкил медиҳад.




Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста