Дар мавсими ояндаи ҳаҷ насб ва ба қайд гирифтани барномаи Нусук ҳатмӣ шуд ва бидуни он касе наметавонад рукни панҷуми дини Исломро анҷом диҳад. Дар ин робита “Азия-Плюс” барои хонандагон ин барномаро тафсир кард.

 

"Нусук" чӣ гуна барнома аст?

Нусук (Nusuk ё نُسُك) барномаи расмии электронии Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ мебошад, ки барои танзими сафарҳои зиёратӣ ба Макка ва Мадина таъсис ёфтааст. Ин аввалин низоми ягонаи расмие аст, ки ҳамаи марҳилаҳои омодашавӣ барои ҳаҷ ва умраро дар як барнома ҷамъ кардааст.

Мақсади асосии барнома инҳоянд:

- Осонсозии раванди қайдгирии зоирон;

- Пешгирии қаллобӣ ва таъмини амнияти зоирон;

- Баланд бардоштани сатҳи хидматрасонӣ.

Барнома на танҳо барои ҳаҷ, балки барои умра низ истифода мешавад, аммо барои ҳаҷ он ҳатмӣ гардидааст.

Намои саҳифаи асосии сомонаи расмии https://hajj.nusuk.sa

 

Барномаи "Нусук" чӣ гуна кор мекунад?

Ин барнома ба зоирон имкон медиҳад, ки дар бораи ҳама маконҳои муқаддас маълумот пайдо кунанд ва аз хидматҳои пешниҳодшуда баҳра баранд. Корт панҷ портали асосиро дар бар мегирад:

- Маълумоти шахсии шаҳрванд;

- Дафтарчаи тиббӣ;

- Ҷои истиқомат дар Макка;

- Ширкати хидматрасоне, ки шаҳрванд аз он истифода мекунад;

- Маълумоти роҳбари гурӯҳ.

 

Насби "Нусук" аз кай ҳатмӣ шуд?

Насби барномаи Нусук аз 30-уми июли соли 2024 оғоз ёфта буд ва дар мавсими ҳаҷҷи соли 2025 аз он истифода шуд. Ахиран Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ эълон кард, ки дар мавсими ҳаҷҷи соли 2026 бидуни насби барномаи Нусук ҳеҷ кас ба шаҳрҳои Макка ва Мадина роҳ дода намешавад.

Инчунин, минбаъд бидуни насби ин барнома ҳеҷ кас наметавонад раводиди ҳаҷ гирад. Ҳукумати Арабистони Саудӣ мегӯяд, ин тартибро барои пешгирии ҳаҷи ғайриқонунӣ ва таъмини амният ҷорӣ кардааст.

 

"Нусук" саломатии зоирро месанҷад?

Аз ин пас ҳар як зоир бояд ҳуҷҷатҳои тиббии худро дар барномаи Нусук боргузорӣ кунад ва худро пурра ба қайд гирад. Ҳамчунин, “Нусук Браслет” - дастгоҳи ҳушманд, ки сатҳи оксиген дар хун ва тапиши дилро назорат мекунанд, ҷорӣ шудаанд. Ин дастгоҳ инчунин барои пайгирии маконҳои ҳаҷ ва пешниҳоди ҷадвал барои ҳаракати осонтар дар масоили ҳаҷ истифода мешавад.

Агар зоир чунин бемориҳо дошта бошад, Нусук онро муайян мекунад ва он шаҳрванд аз ҳаққи вуруд ба шаҳрҳои муқаддас маҳрум мегардад:

- Бемории дил;

- Бемориҳои музмини шуш;

- Бемории ҷигар дар марҳилаи вазнин;

- Бемориҳои рӯҳӣ ва асабии ҷиддӣ;

- Бемории сил;

- Бемориҳои сирияткунанда;

AFP

 

Барномаи "Нусук"-ро чӣ гуна насб мекунанд?

Барномаи расмии “Nusuk”-ро аз “Google Play Store” (барои Android) ё “App Store” (барои iOS) ҷустуҷӯ ва насб кунед. Инчунин, метавонед тавассути сомонаи расмии https://hajj.nusuk.sa барномаро боргирӣ кунед ё ҳатто онлайн истифода баред.

Ворид кардани маълумот. Маълумоти шахсӣ (ном, миллат, санаи таваллуд, рақами шиноснома)-ро дақиқ ворид кунед.

Тасдиқи рамз. Калидвожа созед ва ҳисоби худро бо email ё рақами телефон тасдиқ кунед.

Санҷиши ҳувият. Аксҳои сканшудаи шиноснома ва акси рангини 4×6-и худро бо заминаи сафед боргузорӣ кунед.

Мӯҳлати санҷиш. Санҷиши ҳувият одатан аз 2 то 4 ҳафта давом мекунад.

Ҳамёни электронӣ. Пас аз тасдиқ, барои пардохт ҳамёни электронии дорои ҳисоби IBAN кушода мешавад.

Интихоби баста. Вақти оғози фурӯш (одатан январ-феврал) ба қисми “Hajj Packages” дароед, бастаро интихоб ва пардохт кунед.

Гирифтани раводид. Баъди хариди баста, низом ба таври худкор раводиди электрониро таҳия мекунад.

Омодагӣ. Барои сафар чиптаи ҳавопаймо харед ва бо роҳбари гурӯҳ иртибот барқарор кунед.

Диққат. Аз соли 2026 пешниҳоди шаҳодатномаи тиббӣ ҳатмӣ аст.

 


Оё барнома бо забони тоҷикӣ фаъол ҳаст?

Мутаассифона, ҳоло забони тоҷикӣ дар барнома нест. Он бо забонҳои арабӣ, англисӣ, урду, индонезӣ, туркӣ, франсавӣ ва испанӣ кор мекунад.

 

Нархи ҳаҷ чанд аст?

Нарх аз 3000 то 15000 доллари амрикоӣ фарқ мекунанд, вобаста ба баста ва кишвари зоир.

 

Агар барнома кор накард чӣ кор кунам?

Метавонед тавассути сайт www.hajj.nusuk.sa кор кунед.

 

Оё метавон тавассути визаи туристӣ ҳаҷ кард?

Не! Танҳо визаи махсуси ҳаҷ қабул карда мешавад.

 

Чӣ вақт бақайдгирӣ барои соли 2026 оғоз мешавад?

Бақайдгирӣ барои соли 2026 дар 31-уми июли соли 2025 аллакай оғоз шудааст. Бастаҳо эҳтимол дар январ-феврали 2026 пешниҳод мешаванд.

 

Барои маълумоти муфассал ба куҷо метавон муроҷиат кард?

Сайти расмӣ: www.hajj.nusuk.sa

Рақами телефон: +966 920002814 (Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ)

Чӣ гуна метавон дуруст ва бехатар ба ҳаҷ рафт? Аз талаботи Тоҷикистон то муқаррароти Арабистони Саудӣ – ҳамаи ин равандро дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.