Душанбе. 2-юм июн. «Азия-Плюс» — | Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов, ки як ҳайати аъзами соҳибкорону тоҷирони покистониро дар Душанбе ҳамроҳӣ мекунад, дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ муносибатҳои ҳамкорӣ бо Покистонро бояд дар ҳама самтҳо ҳамаҷониба густариш диҳанд.
«Ба ҳар гуна овозаҳо бобати гӯё дар Покистон дар ҳама ҷо метавон ба террористон дучор шуд, набояд бовар кард. Ин дурӯғ аст ва бо ин мардумро набояд тарсонид. Албатта, дар баъзе минтақаҳои Покистон мушкилоти муайяне дар ин масъала мавҷуд аст, вале дар маҷмӯъ, Покистон кишвари орому дар ҳоли рушди босубот қарордошта ва дорои аслиҳаи ҳастаиву 180 млн. нафар аҳолӣ аст, ки метавон бо он ҳамкории пурсамарро ба роҳ монд», - гуфт сафири Тоҷикистон.
Ба андешаи З.Зубайдов, Покистон аз имконоти бузурги иқтисодӣ бархӯрдор буда, Тоҷикистон онро бояд ба манфиати худ истифода кунад. «Тоҷикистон барои роҳандозии ҳамкории густарда бо Покистон бо тамоми заминаҳои ҳуқукӣ таъмин буда, миёни кишварҳо ҳуҷҷатҳои зурурӣ баҳри он ба имзо расидаанд. Муносибатҳои сиёсии мо низ дар сатҳи хуб қарор дошта, танҳо мебояд ба таҳкими робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ кӯшиш ба харҷ дод», - иброз дошт ӯ.
Тайи чанд рӯз аст, ки як ҳайати иборат аз 110 нафари соҳибкорону тоҷирони покистонӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, ки бо даъвати президенти Тоҷикистон ба ҷумҳурии мо ташриф овардаанд. Сафари ҳайати мазкур то 3-юми июн идома хоҳад ёфт.
Ба ҳайат намояндагони ширкатҳои тиҷоративу саноатии Покистон дар бахшҳои дорусозиву бофандагӣ, мошинсозӣ, молия, саноати хӯрокворӣ, технологияҳои иттилоотӣ, мошинсозӣ, азхудкунии конҳои канданиҳои фоиданок, сайёҳӣ, сохтмон, мошинсозӣ, коркарди чарм ва ғайра шомил буда, онҳо бо имконоти ҷумҳурӣ шинос ва самтҳои имконпазири роҳандозии ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди омӯзиш қарор хоҳанд дод.
Рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент бори дигар ба таъхир гузошта шудааст
“Ҳамос” ва Исроил созиши оташбасро имзо карданд
Масъуд Пизишкиён аз Душанбе ба Маскав рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шутур ва ҳаммоми маҳалла”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 январи соли 2025
“Тоҷикистону Эрон ба ҳам ниёз доранд”. Таҳлилгари тоҷик пасманзари сафари Пизишкиён ба Душанберо шарҳ дод
Пагоҳ субҳ Масъуд Пизишкиён аз Тоҷикистон меравад. Ҳаракат дар кадом роҳҳо маҳдуд мегардад?
Дар Ӯзбекистон барои рондани скутер “права” доштан ҳатмӣ шуд. Дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳамсоя чӣ?
Дар Душанбе ҳисобкунакҳои барқии ҳушманд насб мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста