Душанбе. 10-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар кори мизи мудаввар таҳти унвони «Бозори маводи сӯзишвории Тоҷикистон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо» сармутахассиси раёсати Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Бозоралӣ Бегматов изҳор дошт, ки ахиран дар Тоҷикистон тамоили афзоиши воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Туркманистон ба мушоҳида мерасад.
Ба гуфтаи ӯ, агар моҳҳои январ-майи соли гузашта аз Туркманистон ҳамагӣ 1,2 ҳазор тонна маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон ворид шуда бошад, пас дар ҳамин давраи соли равон он қариб 28 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. «Арзиши як тонна маводи сӯзишвории Туркманистон ба 943 ва Русия 936 доллари ИМА баробар аст», - гуфт ӯ.
Бегматов зикр намуд, ки моҳи майи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 35,1 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардид, ки 92,8% (32,5 ҳазор тонна) аз Русия ва 6% (2 ҳазор тонна) аз Туркманистон оварда шудааст.
Дар маҷмӯъ, моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 200 млн. доллари ИМА 215 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардида, нархи миёна барои 1 тонна 920 доллари ИМА-ро ташкил додааст.
Бозоралӣ Бегматов гуфт, пас аз болоравии арзиши боҷи содиротии Русия ҳаҷми воридоти ҳама гуна маҳсулоти нафтӣ ба кишвар дар ҳоли коҳиш аст. «Дар муқоиса бо панҷ моҳи соли гузашта, соли равон воридоти маводи сӯзишворӣ ба ҷумҳурӣ ба андозаи 8,2% ё 19,3 ҳазор тонна кохиш ёфт», - афзуд ӯ.
Боздошти як ҷавон бо иттиҳоми куштори холааш дар Душанбе
“Баҳси раводид ҳал шуд”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Эрон пурра лағв гардид?
CPJ Тоҷикистонро барои саркӯби рӯзноманигорон танқид кард
Ҳалокати 5 кас дар пайи офатҳои табиии соли гузашта дар шимоли Тоҷикистон
Истеҳсолкунандаи 10 дарсад барқи Тоҷикистон. Аз мавриди истифода қарор гирифтани НБО “Сангтӯда-1” 17 сол пур шуд
Кор дар Литва. Киҳо метавонанд муроҷиат кунанд ва маош чӣ қадар аст?
“Тафсир”: Бозгашт ба “рӯйхати сиёҳ”-и Русия. Баъд аз 5-уми феврал барои муҳоҷирон чӣ тағйир меёбад?
Парвози нахустини хатсайри Душанбе-Панҷакент-Душанбе боз ба таъхир афтод
Боздошти як ҷавони 22-сола барои пахш кардани корманди БДА
Оташбас дар Ғазза. ҲАМОС 3 гаравгон ва Исроил 90 зиндонии фаластиниро озод карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста