Душанбе. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — | Корҳои сохтмонӣ дар иншооти асосӣ ва ёридиҳандаи нерӯгоҳи обӣ-барқии «Сангтӯда-2» дар арафаи анҷомёбианд.Пудратчии генералии нерӯгоҳ ширкати эронии «Сангоб» мебошад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, сохтмони сарбанди нерӯгоҳ, ки моҳи ноябри соли гузашта оғоз гардида буд, низ ба итмом расида истодааст. «Айни замон корхои насби таҷҳизоти гидромеханикӣ босуръат идома дошта, 80%-и механизм ва таҷҳизоти барои нерӯгоҳ пешбинишуда ба Тоҷикистон оварда шуд ва феълан дар сохтмон ҳеҷ мушкилоте вуҷуд надорад», - гуфтанд дар ширкат.

Дар робита ба масъалаи мӯҳлати ба истифода додани ду агрегати аввали нерӯгоҳ манбаъ гуфт, корҳои тибқи нақша идома дошта, иқтидорҳои аввалини нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» дар мӯҳлати муқарраршуда, яъне моҳи сентябри соли равон мавриди истифода карор хоҳанд гирифт.

Ёдрас мекунем, ки баҳори соли равон ҳукуматдорони Тоҷикистон аз Эрон даъват ба амал оварданд, ки нвабати аввали нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» то моҳи сентябри соли ҷорӣ ба истифода дода шавад. Қаблан мавриди истифода қарор гирифтани марҳилаи аввали нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» моҳи феврали соли 2012 ба нақша гирифта шуда буд.

Мавриди зикр аст, ки сохтмони нерӯгоҳи обӣ-барқии «Сангтӯда-2» ҳанӯз замони шӯравӣ оғоз гардида, минбаъд иҷрои корҳо дар он ба иллати камбуди маблағ ва ҳамчунин оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон боздошта шуда буданд ва сипас соли 2006 бо дастгирии Эрон ба иҷрои корҳои насбу сохтмон дар он идома бахшида шуд.

Тавре пешбинӣ мегардад, иқтидори нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» ба истеҳсоли 1 млрд. кВт/соат нерӯи барқ дар як сол баробар хоҳад буд. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани он дар муддати 12,5 сол он моликияти Эрон хоҳад буд ва сипас пурра ба ихтиёри Тоҷикистон супурда мешавад.