Душанбе. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Азим Иброҳим бар ин назар аст, ки нишондиҳандаҳои Тоҷикистон оид ба истихроҷи нафту газ дар солҳои 70-уми қарни сипаришуда аллакай омори таърихӣ аст ва мебояд ба вазъи имрӯза аҳаммият дод.
Зимни нишасти хабарӣ А.Иброҳим изҳор дошт, ки он солҳо дар қаламрави Тоҷикистон то 500 млн. метри мукааб газ ва зиёда аз 400 ҳазор тонна нафт истихроҷ мегардид, аммо ин ҳаҷм ҳамон замон низ барои талаботи Тоҷикистон нокофӣ буд ва ҳаҷми дигари зарурӣ аз берун оварда мешуд.
Ба гуфтаи А.Иброҳим, феълан барои пармакунии як чоҳ маблағи зиёд зарур аст, ки он дар бюҷет мавҷуд набуда, аз ин рӯ, ҷумҳурӣ ба мушкилоти ҷалби сармояи хориҷӣ мувоҷеҳ мегардад. «Айни замон дар қаламрави ҷумҳурӣ ширкатҳои хориҷии «Газпром» (Русия), «Тетис Петролиум» (Канада) ва ғайра ба ҷустуҷӯйи конҳои нафту газ машғуланд», - гуфт ӯ.
А. Иброҳим ҳамчунин иброз дошт, ки феълан сохтори фаръии ширкати «Газпром» дар кони «Сариқамиш» (ноҳияи Шаҳринав) ба корҳои ҷустуҷӯйи иктишофиву геологӣ машғул буда, ин майдон умеди асосии кишвар аст. «Чуқурии чоҳ дар ин майдон 6,3 ҳазор метрро ташкил дода, қабл аз пармакунии чоҳҳо дар ин кон, корҳои таҳқиқотӣ, геофизикӣ ва зилзиласанҷӣ барпо гардиданд», - иброз дошт вай.
Номбурда афзуд, «алҳол ин танҳо чоҳҳои ҷустуҷӯйӣ буда, агар мушаххас гардад, ки дар он нафту газ мавҷуд аст, сипас чоҳҳои баистифодадиҳӣ парма карда мешаванд».




Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Ҳалокати 67 рӯзноманигор тайи 1 сол дар ҷаҳон: RSF мақомотро ба ҳимоя даъват мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 декабри соли 2025
Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста