Душанбе. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар нимсолаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 250 ҳазор метри мураббаъ манзили зист ба истифода дода шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ин давраи ҳисоботӣ барои 900 нафар толибилмон якчанд мактабҳои нави таҳсилоти умумӣ ба фаъолият оғоз карданд.
Ба иттилои манбаъ, дар моҳҳои январ-июни соли 2011 ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 1,9 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 344 млн. сомонӣ бештар аст. «Дар нимаи аввали соли равон ба маблағи беш аз 1,5 млрд. сомонӣ корҳои сохтмону насб ба анҷом расонида шуданд», - гуфтанд дар агентӣ.
Дар Агентӣ зикр карданд, ки айни замон дар 15 шаҳру марказҳои ноҳияҳои кишвар оид ба Нақшаи генералӣ корҳо ба сомон расида истодаанд. «Феълан аз ҷониби Донишкадаи лоиҳакашии «Шаҳрофар» нақшаҳои генералии шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Истаравшан, Сарбанд, Панҷакент, Қайроққум ва марказҳои ноҳияҳои Шӯрообод, Абдураҳмони Ҷомӣ, Рӯшон, Роштқалъа ва Ховалинг мавриди таҳия қарор доранд», - афзуд сарчашма.
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста