Душанбе. 20-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар нимсолаи аввали соли равон тавассути роҳи оҳани Тоҷикистон беш аз 190 ҳазор тонна бор ба Афғонистон интиқол дода шудааст.
Зимни нишасти матбуотӣ сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукумов изҳор кард, ки аз ҳаҷми умумии бор 80% ё худ 130 ҳазор тоннаашро сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳо ташкил медод, ки барои нерӯҳои Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар Афғонистон пешбинӣ шуда буд.
Амонулло Ҳукумов зикр кард, ки соли 2009 ҳаҷми ҳамлу нақли транзитии борҳои Афғонистон тавассути роҳи оҳани Тоҷикистон 380 ҳазор тоннаро ташкил дода буд. «Соли гузашта тавассути роҳи оҳани Тоҷикистон транзити борҳо ба Афғонистон қариб сурат нагирифта буд. Сабабаш дар он буд, ки борҳои фиристодашуда ба Тоҷикистон ва минбаъд ба Афғонистон муддати қариб тамоми соли 2010 бидуни ҳеҷ асосе дар қаламрави Ӯзбекистон боздошт шуда буданд», - гуфт ӯ.
Сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон зикр кард, ки соли равон низ дар масъалаи транзити борҳо бо Ӯзбекистон мушкилот боқӣ мондааст, вале бо кӯшишҳои муштарак онҳо саривақт роҳи ҳалли худро пайдо кардаанд.




Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста