Душанбе. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | Додситонӣ дар соҳаи нақлиёт ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба вазъи мавҷуда дар атрофи қазияи ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр» бояд расидагӣ кунад», - изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» Музаффар Исҳоқов.

Ба гуфтаи ӯ, дар фурсатҳои наздиктарин «Тоҷик Эйр» ният дорад, ки аз мақомоти дахлдори Русия барои анҷоми парвози ҳавопаймоҳо тавассути хатсайри «Кӯлоб-Маскав-Кӯлоб» иҷозатнома бигирад. «Ширкати «Ист Эйр» дар Тоҷикистон сабти ном шудааст. Кӣ паси ин ширкат қарор дораду чӣ гуна ин вазъ ба амал омад? Дар ин хусус беҳтараш ба бахши дахлдори ҳукумати кишвар оид ба ҳавопаймоӣ мебояд муроҷиат кард, - мегӯяд ӯ. – Ман ҷонибдори онам, ки ширкатҳои дар Тоҷикистон сабтшуда дарвоқеъ ширкатҳои маҳаллӣ бошанд, на балки ширкатҳои паси ҳимояи гурӯҳҳои тиҷоратии кишварҳои хориҷӣ», - тгуфт ӯ.

Исҳоқов мегӯяд, рӯзҳои аввал, ки ҳавопаймои ширкати «Ист Эйр» ногаҳон ғайб зад ва 180 нафар мусофирони хатсайри «Маскав-Кӯлоб» дар фурудгоҳи Домодедово интизорӣ доштанд, «Тоҷик Эйр» аз тамоми имконот истифода кард, то ки мусофирон ба ватан расонида шаванд.

«Рӯзи аввал 61 нафар пиронсолону занон ва кӯдакон ба ватан фиристода шуданд. Рӯзи дигар правози ҳавопаймо тавссути хатсайри «Кӯлоб – Маскав – Кӯлоб» ва Душанбе-Деҳлӣ анҷом дода шуд, вале мо бидуни пардохти маблағ ба ҷойи ширкати дигар кор карда наметавонем», - гуфт Исҳоқов.

Раиси «Тоҷик Эйр» бар ин назар аст, ки айни замон Тоҷикистон ба фаъолияти ширкатҳои нави ҳавопаймоӣ ниёз надорад ва ширкатҳои мавҷуда бояд баҳри рушди ин бозор кӯшиш ба харҷ диҳанд.

 Қаблан мақомоти раҳбарии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе собиқ роҳбари ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр» Владимир Куимовро дар рабудани ду ҳавопаймои ин ширкат гунаҳкор шумориданд. Ҳавопаймоҳои ширкат пас аз иҷрои парвози нақшавӣ ба Маскав дигар ба Душанбе барнагаштанд. «Мо маълумотеро дар даст дорем, ки онҳо ғайриқонунӣ ба Қирғизистон фиристода шудаанд», - гуфта буданд дар фурудгоҳ.

Ба иттилои манбаъ, дар ғайриқонунӣ фиристодани ҳавопаймоҳои ширкати «Ист Эйр» ба Қирғизистон собиқ роҳбари ин ширкат Владимир Куимов даст дорад. «Ин амали ғайриқонунӣ аст ва шояд Куимов ба додгоҳ ҳам кашида шавад», - гуфта буд манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи сипаришуда дар ҳайати мақомоти раҳбарии ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр» тағйирот ба вуқӯъ пайваст. Мансаби иҷрокунандаи вазифаи директори ҶСП «Ист Эйр» Владимир Куимовро Фирдавс Мухторов ишғол намуд. Ин таъиноти нав боиси норозигии роҳбари пешин гардид.

Ба гуфтаи В. Куимов, ки бинобар вазъи нохуби саломатиаш муддати чанде дар хориҷи кишвар қарор дошт, мақомоти раҳбарии фурудгоҳи Душанбе ба дафтари кории ширкати «Ист Эйр» бидуни огаҳии директори генералии он ворид гардида, ӯро аз мансаб сабукдӯш ва Фирдавс Мухторовро раҳбари ширкат таъин кардааст. «Ин ғасби рейдерӣ аст. Айни замон мо ба ширкат адвокатҳои худро фиристодем, то ки аз ҳуқуқҳоямон дифоъ кунанд», - изҳор карда буд ба ОИ «Азия-Плюс» Куимов.

Дар навбати худ, раҳбари тозатаъини ширкат Фирдавс Мухторов мегӯяд, ин ҷо ҳеҷ ғасби рейдерӣ ҷой надошта, мутобиқи моддаи 54-и Кодекси ҳавопаймоии Тоҷикистон танҳо шаҳрванди Тоҷикистон роҳбари ширкати ҳавопаймоӣ буда метавонад. «Владимир Куимов шаҳрванди Тоҷикистон нест ва дар муддати се сол ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи директори ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр» ифои вазифа мекард. Иштирокчие, ки молики 51 дарсади саҳмияи ширкат аст, тасмим гирифт, ки маро директори ширкат таъин намояд», - гуфт Ф.Мухторов.

Ба қавли Мухторов, дарвоқеъ он замон Владимир Куимов ҳузур надошт ва расман ваколатҳои иҷрокунандаи вазифаи директори генералии ширкатро ба Станислав Янчук супурда буд, ки дар ҳузури ӯ маросими таъини директори нави ширкат доир гардид. «Он ҷо ҳамчунин ноиби президенти ширкат – молики ҳавопаймоҳои «Исток Авиа FZE» Пётр Иванник низ ҳузур дошт», - изҳор карда буд номбурда.

Дар ҳамин ҳол, дар робита ба қазияи мазкур моликони ҳавопаймоҳо парвози ҳавопаймо бо хатсайрҳои самти Кӯлоб-Маскав ва Кӯлоб-Санкт-Петербургро боздоштанд. Парвози ҳавопаймоҳо бо ин хатсаййрҳоро ширкати «Ист-Эйр» анҷом медиҳад.

Ширкати ҳавопаймоии «Ист-Эйр» моҳи сентябри соли 2007 ба фаъолият шурӯъ карда, парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ва Ню-Делиро анҷом медиҳад. Барои таъмини парвози ҳавопаймоҳо ширкати «Ист Эйр» дар асоси лизинг ҳавопаймоҳои ширкати «Исток Авиа FZE»-ро истифода мекунад.