Рӯзи 24 май дар Ашқобод ҷаласаи навбатии Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мешавад.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷаласа сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода низ иштирок мекунад.

Бино ба маълумоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар рӯзномаи ҷаласа 12 масъала зикр шудааст. Дар доираи маҳдуд аъзои Шӯро маъмулан атрофи масоили ҳамкории мутақобилаи иқтисодӣ дар Иттиҳод табодули назар мекунанд.

Дар доираи васеъ баррасии лоиҳаи Консепсияи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва Нақшаи чорабиниҳои аввалиндараҷа оид ба табиқи он, инчунин Нақшаи амал ҷиҳати  ба сатҳи беҳтарин расонидани ҳолати зерсохтор ва рушди долонҳои байнулмилалии нақлиётӣ, ки аз қаламрави кишвраҳои узви ИДМ мегузаранд, пешниҳод шудааст.

Илова бар ин, дар ҷаласа қабули як қатор санадҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, саноати кимиёвӣ, муносибат бо партовҳои хатарнок ва муқовимат ба қонуншиканиҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ пешбинӣ шудааст.

Боз як масъалаи рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои сарвазирон ба эълони Ашқобод ба сифати Шаҳри имконоти нави варзишии Иттиҳод дахл дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.