Дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм дар Душанбе аз 31 май то 16 июни соли 2024 таҳти унвони «Равшании чашм - 2024» духтурони чашм (офталмологҳо) аз Ҷумҳурии мардумии Чин беморонро бепул муоина ва табобат карданд.
Рӯзҳои 14-15 июн гурӯҳи рӯзноманигорони Чин аз рӯзномаи «Жэньминь Жибао» дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» аз ин дармонгоҳ боздид намуданд. Онҳоро ҳамкорон аз хабаргузориҳои «Азия-Плюс» ва «Ховар»-и Тоҷикистон ҳамроҳӣ карданд.
Директори маркази мазкур Манижа Муминова зикр кард, ки дар ин Марказ аввалин маротиба бо иштироки табибони Чин иқдом (аксия)-и корвони тиббӣ баргузор шуд.
Дар доираи аксия табибони ҳар ду кишвар табодули таҷриба намуда, малака ва маҳорати касбии худро такмил доданд ва ба гирифторони бемории чашм кумаки тиббӣ расониданд.
Дар давоми ду ҳафта табибони чинӣ беш аз 520 беморро ройгон муоина намуда, табобат таъин карданд ва амалиёти ҷарроҳӣ гузарониданд.
«Қариб ҳамаи ин беморон одамони касбу кори гуногун аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар мебошанд, ки синни бештарашон аз 60-сола боло аст. Онҳо асосан аз катаракта ранҷ мебурданд», - гуфт мутахассиси чинӣ Ван Зао Вен.
Намояндаи Маркази ҳамкориҳои байналмилалии назди Комиссияи миллии тандурустии Чин хонум Чжан Сяокоу иттилоъ дод, ки дар доираи «Корвони саломатӣ» бо иштироки табибони ҳар ду кишвар машварати илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар доираи он дар мавзӯи бемориҳои чашм, навъу сабаб ва усулҳои табобати онҳо муҳокимаву музокира ва муколамаҳои муфид сурат гирифтанд.
Ҳамаи бемороне, ки кумаки тиббӣ гирифтанд, ба табибони чинӣ ва тоҷик изҳори минннатдорӣ карданд.
Ба гуфтаи яке аз онҳо Қурбон Абдуҳакимови 65-сола аз вилояти Хатлон, ӯ ҳатто интизор набуд, ки дар чанд дақиқа аз катаракта халос шуда, биноии чашмонаш беҳтар мешавад.
«Акнун озодона рӯзнома хонда метавонам, - мегӯяд бемор. – Пештар наметавонистам ба ҳарфҳо нигоҳ кунам, чашмонам аз фишор дард мекарданд ва ҳатто ҳарфҳои калонро ҳам дида наметавонистам. Акнун вазъам беҳтар шуд».
Мутахассисони Чин иттилоъ доданд, ки кишварашон ба Тоҷикистон таҷҳизоти муосир ва маводи дорувории бемориҳои чашм пешниҳод намуда, инчунин ба табодули донишҳои академӣ ва омӯзиши кадрҳо тақвият мебахшад, то ба Тоҷикистон дар омода кардани мутахассисон дар соҳаи бемориҳои чашм кӯмак кунад.
Иқдоми «Корвони саломатӣ» бо дастгирии Кумитаи ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ баргузор гардид. Ин аксияро Фонди China Health Express Foundation ва Фонди Health Express-и Гонконг таҳти роҳбарии Маркази байналмилалии табодули таҷриба ва ҳамкории Комиссияи миллии тандурустии Чин маблағгузорӣ карданд.