Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҷаласаи 4-уми вазирони энергетикаи кишварҳои аъзои СҲШ дар Остона изҳор намуд, ки НБО “Роғун”дар оянда натанҳо амнияти энергетикии Тоҷикистонро таъмин мекунад, балки дар афзоиши ҳаҷми содирот ба кишварҳои ҳамсоя низ саҳм хоҳад гузошт.
“Қобили зикр аст, ки 70% ҳаҷми истеҳсолшуда (тақрибан 10 млрд.кВт. соат) барои пӯшонидани талаботи афзоянда ба кишварҳои минтақа содир карда мешавад, – иброз дошт Далер Ҷумъа зимни суханронӣ.

Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар нишаст вазирон Стратегияи рушди ҳамкории энергетикии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) барои давраи то соли 2030-ро баррасӣ ва ба тасвиб расонданд.
Санади мазкур самтҳои асосии ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи энергетика то соли 2030, аз ҷумла, дурнамои рушди иқтидори транзитии захираҳои энергетикӣ ва имконияти диверсификатсияи хатсайрҳои содиротиро муайян менамояд.
Дар ин санад ҳамчунин ташаккули системаи нави энергетикӣ бо ташкили тавозуни афзалиятҳои рушди соҳа, навсозии манбаъҳои анъанавии энергия, такмили системавии соҳа, рушди технологияҳои инноватсионӣ ва илм дар соҳаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия (МБО), рушди энергетикаи водород, ҷустуҷӯи ҳалли нав дар соҳаи сарфаи энергия ва баланд бардоштани самаранокии энергия пешбинӣ шудааст.
“Дар Стратегияи тасдиқшуда, мо дар бораи зарурати пешбурди равиши мутавозин, рушди ҳам энергетикаи анъанавӣ ва ҳам барқароршаванда тибқи шароити миллии кишварҳои СҲШ ба мувофиқа расидем”, – гуфт пас аз қабули Стратегия Саткалиев Алмасадам, вазири энергетикаи Қазоқистон.

Гуфта мешавад, вазирон оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди рӯзномаи глобалӣ ва минтақавии энергетикӣ мубодилаи афкор намуда, рушди соҳаи энергетикаро, аз ҷумла имкониятҳои ҷалби сармоягузорӣ ва маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои ин соҳаро баррасӣ намуданд.
Қобили зикр аст, ки имрӯз СҲШ тақрибан сеяки маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷаҳон, 60% қаламрави Авруосиё , 42% аҳолии сайёра ва зиёда аз 15% тиҷорати ҷаҳониро дар бар мегирад.
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Наврӯз-бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2025
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
Ҳалли масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – намунаи беназир дар шароити кунунии ҷаҳонӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста