Парда Қосим, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва овозхони шинохтаи тоҷик дар 77-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанг ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Яке аз пайвандонаш ҳам ба “Азия-Плюс” ин хабарро тасдиқ карда, гуфт, ки чанд муддат боз бемории қанд дошт ва аз он ранҷ мекашид.
“Чанд вақт боз табобат мегирифтанд. Гурдаҳояшон ҳам иллат пайдо карда буд. Имрӯз тақрибан соати 16:50 дар хона аз дунё чашм пӯшиданд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Ба гуфтаи пайвандонаш, Парда Қосимро пагоҳ соати 10:00 дар яке аз масоҷиди Душанбе ҷаноза карда ва дар қабристони Лучоб ба хок месупоранд.
Парда Қосим 13-уми октябри 1947 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шуда буд. Соли 1965 Омӯзишгоҳи ҷумҳурияви маданӣ - равшаннамоии ноҳияи Ленин (ҳоло Коллеҷи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ)-ро хатм карда, беш аз 30 сол сароянда ва роҳбари бадеии ансамбли тарона ва рақси «Шодӣ»-и ноҳияи Панҷ буд.
Аз соли 1998 овозхони дастаи рақсии «Лола» буд.
Осори шуарои классик ва муосири тоҷик оҳанг бастааст. Таронаҳои маъруфаш «Бародарам», «Тоҷикистон аз манӣ», «Ман масту ту девона», «Эй ошиқон», «Юсуфи гумгашта», «Сурӯши Сталинград», «Борони найсон», «Сайри лолазор», «Доғи ғурбат», «Наврӯзи оворагӣ», «Рӯзгорони баланд», «Чашмаи сабоҳӣ», «Бӯса ба дарё задам» ва ғайра мебошанд.
Ба ӯзбекӣ, туркманӣ, ҳиндӣ, арабӣ, русӣ ва дигар забонҳо низ таронаҳо хондааст ва ба Афғонистон, Эрон, Яман, Испания ва дигар давлатҳо сафари ҳунарӣ анҷом додаст.
Бо ордени «Нишони Фахрӣ» ва унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон сарфароз шуда буд.
Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” бинобар даргузашти Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Парда Қосим ба наздикону пайвандонаш изҳори ҳамдардӣ баён мекунад.
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
Ҳалли масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – намунаи беназир дар шароити кунунии ҷаҳонӣ
“Дар умрам дору нахӯрдаам”. Қиссаи зани 120 солае, ки 210 набераву абераву чабера дорад
Раёсати маорифи Душанбе аз волидайн хост, ки кӯдаконашонро ба "идгардак" нафиристанд
Додихудо Шарифзода, собиқ муовини “Авангард” боздошт шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста