То анҷоми даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбӣ бештар аз як ҳафтаи дигар боқӣ мондааст ва мувофиқи маълумоти охир, нақшаи даъват ба артиш дар кишвар 90 дарсад иҷро шудааст.

Шикоятҳои зиёд дар бораи “шева”-ҳои нав - аз “гаравгонгирии волидайн” то буридани хати барқи аҳоливу бастани дари масҷидҳо ва то ҳол мавҷуд будани ба истилоҳ “сарбозшикор” далели онанд, ки на ҳамаи ҷавонон хоҳиши адои хидмати ҳарбиро доранд.

Мақомоти бошанд, ҳеҷ гоҳ вуҷуди мушкил дар даъват ба артишро эътироф накардаанд ва мегӯянд, ки “ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад”.

Барои чӣ ҷавонони тоҷик хоҳиши ба хидмати ҳарбӣ рафтанро надоранд ва дар кадом шароит омодаанд бо хоҳиши худ хидмат кунанд?

Дар навори зерин посухи сокинони пойтатро тамошо кунед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.