Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори Бонки Ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерсро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳоло барои дастгирии рушди босуботи Тоҷикистон татбиқи 16 лоиҳаи гуногун бо маблағи умумии 220 миллион доллари амрикоӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ сармоягузорӣ мешавад. Дар зарфи 12 моҳ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 38 миллион доллари амрикоӣ грантҳои Бонки ҷаҳонӣ ҷудо гардидааст. Минбаъд ҳаҷми солонаи грантҳои ин бонк то 58 миллион доллари амрикоӣ афзун мегардад.
Тавре зикр гардид, ин маблағҳо асосан ба татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, обу энергетика, маорифу тандурустӣ ва дастгирии бахши хусусию сохторҳои идораи маҳаллӣ равона мегарданд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба ҳамкорӣ дар омўзиши иқтисодӣ-техникӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди нерўгоҳи Роғун зоҳир гардид. Иттилоъ дода шуд, ки натиҷаҳои ташхиси пурраи ин лоиҳа тобистони соли оянда пешниҳод хоҳад шуд.
Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба нақшаи бунёди хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи КАСА – 1000 сурат гирифт. Иттилоъ дода шуд, ки масоили вобаста ба ин лоиҳа ҳафтаи оянда бо намояндагони чор давлати манфиатдор - Тоҷикистону Қирғизистон ва Афғонистону Покистон дар шаҳри Бишкек баррасӣ хоҳад шуд.
Ба гуфти Теодор Алерс, дар сурати розигии 4 давлати мазкур, Бонки ҷаҳонӣ омода аст, ки ин лоиҳаро дастгирӣ намуда, барои татбиқи он маблағ ҳам ҷудо намояд. Ў ҳамчунин изҳор дошт, ки «Тоҷикистону Қирғизистон бе бунёди нерўгоҳҳои нав, ҳоло ҳам имкон доранд, ки дар фасли тобистон ба воситаи ин хат ба Афғонистону Покистон нерўи барқ интитқол диҳанд, аз ин хотир бунёди он бояд оғоз ёбад».



Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста