Дар шаҳри Маскав ҷаласаи муассисони Гурӯҳи машваратии минтақавӣ (ГММ)-и Шӯрои устувории молиявӣ дар мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, иштирокдорони ҷамъомад дар баробари муҳокимаи нақшаи кории Шӯро барои соли 2012, ҳамчунин чанд масъалаи дигар, аз қабили танзими масъалаҳои марбут ба молияро, ки барои устувор нигоҳ доштани вазъи молиявӣ бар зидди хавфҳо дар низоми молиявии ҷаҳон ва минтақа аҳамияти пурарзиш дорад, муҳокима намуданд. Дар рафти баҳсҳо оид ба мавзӯи танзими молиявӣ, низоми суғуртакунонии пасандозҳо, назорати самаранок аз рӯи низоми аз ҷиҳати миллӣ аҳамиятноки ташкилотҳои молиявӣ (бонкҳо) диққати асосӣ дода шуд. Ба ғайр аз ин, аъзои гурӯҳ масъалаҳои устувории молиявӣ дар минтақа, аз он ҷумла мавҷудияти ҷойҳои заиф дар сохтори молиявӣ, таъсири хавфҳои минтақаи евро ба онҳо, таъсири буҳрони қарзии як қатор давлатҳои аврупоӣ ба мамолики Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва андешидани чораҳои ҷавобии эҳтимолии сиёсати иқтисодиро баррасӣ намуданд.
Ҳамраисии Шӯрои машваратии минтақавӣ дар қаламрави мамлакатҳои ИДМ-ро дар назди Шӯрои устувории молиявӣ муовини Вазири молияи Федератсияи Русия Сергей Анатолевич Сторчак ва муовини Вазири молияи Украина Сергей Александрович Рыбак ба ӯҳда доранд. Ба Гурӯҳи машваратии минтақавии ИДМ намояндагони ҷумҳуриҳои Арманистон, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Украина шомил мебошанд.
Иштирокчиёни вохӯрӣ фаъолияти идораи амалиётии Гурӯҳи машваратии минтақавии ИДМ-ро тасдиқ намуда, ба қарор омаданд, ки вазифаи котиботи гурӯҳро аз тариқи намояндагиҳои ташкилотҳои ҳамраисӣ ва дастгирии техникию ташкилиро аз ҷониби Бонки байнидавлатӣ ба роҳ монанд.
Аъзои Шӯрои машваратии минтақавӣ қарор доданд, ки ҷаласаи навбатии худро моҳҳои октябр-ноябри соли равон дар шаҳри Москва баргузор намоянд.
Дар ҷаласаи номбурда Директори Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон Давлатов Искандар ширкат варзид.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои устувории молиявӣ ҳанӯз моҳи ноябри соли 2010, нақшаи васеъ намудани фаъолияти худро берун аз қаламрави давлатҳои аъзои Шӯрои устувории молиявӣ расман эълон карда буд. Вобаста ба ин, барои таъмини табодули назар миёни ташкилотҳои молиявии давлатҳои аъзои Шӯро ва давлатҳое, ки аъзои он нестанд, дар бахши баҳодиҳии хавфҳое, ки низоми молиявии онҳоро таҳдид менамоянд, ҳамчунин барои муҳокимаи ташаббусҳое, ки барои кумак расонидан ба устувории молиявӣ равона гардидаанд, шаш гурӯҳи минтақавии машваратӣ ташкил гардида буд.



Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста