Дар низоми интиқоли шабакаҳои барқи шаҳри Қӯрғонтеппа бар асари сармои шадид ва афзудани шиддатнокӣ тез-тез садамаҳо рух медиҳанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори корхонаи шабакаҳои барқи шаҳри Қӯрғонтеппа Исомиддин Сафаров хабар дод, дар муддати ду рӯзи ахир ду трансформатор аз кор баромада, дар якчанд хатҳои интиқоли барқ садамаҳо ба вуқӯъ пайвастаанд.
«Мо ба чунин вазъ қаблан омодагӣ гирифта будем. Айни замон тамоми хадамоти шабакаҳои барқи шаҳр шабонарӯзӣ фаъолият дошта, кӯшиш дорем, ки тамоми садамаҳоро дар муддати кӯтоҳтарин бартараф намоем», - гуфт вай.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки чун феълан дар шаҳр маркази барқу гармидиҳӣ ва газ мавҷуд нест, тамоми шиддат ба дӯши шабакаҳои барқ рост меояд. «Дар манзилҳои зисти баландошёна гармкунии хонаҳо ва кори пойгоҳҳои обкашӣ аз ҳисоби қувваи барқ сурат мегиранд», - идома дод Сафаров.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки дар як шабонарӯз барои шаҳри Қӯрғонтеппа интиқоли 800 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ пешбинӣ шудааст, вале воқеан истеъмолгарон бо зиёда аз 1 млн. кВт/соат нерӯи барқ таъмин карда мешаванд. «Фасли гармо талаботи аҳолӣ ба нерӯи барқ то 400 ҳазор кВт/соат ё худ ба андозаи 50% коҳиш меёбад», - афзуд ӯ.




Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста