Дар моҳҳои январ-майи соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 2 млрд. 36 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 9,0% (168 млн. $) зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили зиёда аз 921,5 млн. доллари ИМА шудааст. Дар ин давра Тоҷикистон бо 87 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва 77 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.

Дар давраи сипаришудаи соли равон ҳаҷми содироти мол 557,3 млн. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,8% ё худ 40,7 млн. доллари ИМА камтар аст. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 1478,8 млн. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 16,5% ё худ 209,6 млн. $ бештар аст.

Дар зарфи панҷ моҳи аввали соли равон ҳаҷми содироти маҳсулоти минералӣ ба андозаи 81,4%, металлҳои қиматбаҳо – 38,8%, чарм ва маснӯоти чармӣ ба миқдори 20,0% афзуданд.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми содироти фулузоти арзон ва маснӯоти он ба андозаи 27,2%, нахи пахта дар ҳаҷми 2,3% ва мошину таҷҳизот ба миқдори 8,0% коҳиш ёфтаанд.

Аз рӯйи ҳаҷми умумии содироти мол шарикони асосии Тоҷикистон кишварҳо зерин буданд: Туркия – 39,1%; Чин – 19,1%, Афғонистон – 9,10%, Швейтсария – 5,7%, Қазоқистон – 5,1%, Русия – 6,9%, Эрон – 4,9% ва дигар давлатҳо.

Воридоти мол асосан аз Русия – 25,0%, Қазоқистон – 15,9%, Чин – 9,8%, Ҷазираҳои Виргиния – 5,3%, ИМА – 4,9%, Туркманистон – 4,7% ва Эрон – 4,4% сурат гирифтааст.