Тоҷикистон дар масъалаи сохтмони роҳи оҳан тибқи лоиҳаи пешбинишудаи Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин ба мувофиқа ҳосил кардан бо Қирғизистон умедвор аст.
Ба гуфтаи муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ, масъули бахши иқтисод Фарида Мӯъминова, дар Тоҷикистон ҷиҳати ташкили вохӯрӣ бо ҷониби Қирғизистон оид ба баррасии масъалаи лоиҳаи сохтмони мазкур корҳои мушаххас сурат мегиранд.
«Корҳои омодагӣ ба вохӯрӣ идома доранд, - гуфт Ф.Мӯъминова дар нишасти хабарӣ. – Ташкили як гуфтушунид миёни ҷонибҳо, ки дар он сохтмони роҳи оҳан тавассути Қирғизистон ба Чин баррасӣ мешавад, дар назар аст».
Ба қавли ӯ, масъалаи амалисозии қисмати тоҷикистонии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани мазкур қариб пурра ҳал шудааст. «Лоиҳаи сармоягузории азнавсозии қисмати роҳи оҳани Душанбе-Ваҳдат ва сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-марзи Қирғизистон тавассути водии Рашт аллакай таҳия гардида, ба Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2012-2014 ворид шудааст. Аз ин рӯ, бо эҳтимоли қавӣ метавон гуфт, ки лоиҳаи мазкур дар қаламрави Тоҷикистон амалӣ хоҳад шуд», - афзуд Ф.Мӯъминова.
Дар ҳамин ҳол, муовини директори МТС Сайфулло Сафаров зикр кард, ки Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон ба ҳеҷ ваҷҳ аз амалисозии ин лоиҳаи муҳим даст намекашанд. «Метавонам бо боварӣ бигӯям, ки ин кишварҳо бештар ба мо эътимод доранд», - гуфт ӯ.
С.Сафаров хотирнишон намуд, ки ҳамчунин лоиҳаи дигаре низ мавҷуд аст, ки пайвастшавии Эрон бо Қирғизистон ва Чин тавассути қаламрави Ӯзбекистону Туркманистонро пешбинӣ мекунад. «Аз ин рӯ, миёни кишварҳои минтақа рақобати мушаххасе вуҷуд дошта, баъзе аз ҳамсояҳои мо ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод, ки ба сохтмони ин роҳи минтақавӣ тавассути қаламрави Тоҷикистон монеа эҷод созанд», - афзуд муовини директори МТС.
Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи гузашта васоити ахбори умуми Қирғизистон бо истинод ба гуфтаҳои вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Қирғизистон Қалиқбек Султонов хабар дода буданд, ки Тоҷикистон ба Қирғизистон лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чинро пешниҳод намудааст.
«Роҳи оҳани мазкур қаламрави Қирғизистонро убур мекунад, аз ин рӯ, розигии мо зарур аст. Алҳол лоиҳаи мазкур баррасӣ нашудааст. Мо ба ин лоиҳа алҳол он қадр таваҷҷуҳе надорем, зеро лоиҳаи дигари сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон мавҷуд аст, ки барои мо аз нигоҳи нақшаҳои стратегӣ ва иқтисодӣ муҳимтар аст. Аз эҳтимол дур нест, ки мо ба он розигӣ намедиҳем», - гуфтааст ӯ.
Дар навбати худ, сафири Эрон дар Қирғизистон Манучеҳр Муродӣ дар мусоҳиба ба «АКИпресс» изҳор кардааст, ки Эрон баҳри раҳоӣ аз бунбаст хатсайри интихобкардаи Қирғизистонро қабул хоҳад намуд.
«Агар аз лиҳози манфиати иқтисодӣ ва мантиқ ба лоиҳаҳои нақлиётии минтақа бингарем, роҳи кӯтоҳтарини дастёбӣ ба уқёнуси ҷаҳонӣ тавассути Эрон аст. Фикр мекунам, ки лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон тавассути қаламрави Тоҷикистон ё Ӯзбекистон қобили қабул аст. Дар ниҳояти кор он бояд бо роҳи оҳани Эрон пайваст шавад. Имрӯз роҳи дигаре вуҷуд надорад, зеро алтернативаҳои имконпазир аз хатар эмин набуда, аз нигоҳи иқтисодӣ низ фоидаовар нестанд», - гуфта буд диломати эронӣ.
Қобили зикр аст, ки қаблан Эрон барои иҷрои таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 млн. доллари ИМА кӯмаки бебозгашт ҷудо намуд. Баъдтар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ва ширкати эронии «Метро» дар бораи таҳияи лоиҳа асноди зарурӣ ба имзо расонида, он аз ҷонби палатаи поёнии парлумони кишвар тасдиқ гардид.




Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ишқобод
Ҷоми Осиё U-17: ҳамаи 16 даста муайян ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳост
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста