Дабири кулли СММ Пан Ги Мун кӯшиши Бонки ҷаҳонӣ оид ба расонидани кӯмак ба Тоҷикистон дар масъалаи ҳалли мушкилот дар соҳаи энергетика бо истифодаи тарзҳои гуногуни алетернативиро дастгирӣ намуд.

Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, дар ин робита Пан Ги Мун аз тасмими бонк дар мавриди идомаи ташхиси мустақили техникии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» истиқбол кардааст.

«Пан Ги Мун бар ин назар аст, ки натоиҷи ин таҳқиқот дар ҷараёни қабули қарор оид ба лоиҳа як дастури усутуворе хоҳад буд, - гуфта мешавад дар изҳороти раҳбари СММ, ки санаи 5-уми сентябр котиби матбуотии ӯ пешниҳод кардааст. – Дар навбати худ, он ба роҳандозии муколамаи созанда миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳалли мушкилоти обу энергия мусоидат менамояд».

Дабири кулли СММ аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ даъват кардааст, ки дар дарёфти созишномаи қобили қабули ҳамаи кишварҳо оид ба идораи захираҳои обии минтақа мутобиқи ҳуқуқҳои байнулмилалӣ фаъолона ширкат варзанд.

Ӯ аз ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор даъват кардааст, ки аз дастгирии пешниҳодшудаи намояндаи махсуси СММ – роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ Мирослав Енча дар робита ба ин масъала истифода намоянд.