Дар нимсолаи аввали соли равон бо истифода аз низомҳои интиқоли маблағи пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон аз ҷониби шахсони ғайрирасмӣ (воқеӣ) беш аз 1,4 млрд доллари ИМА маблағ интиқол дода шудааст.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, дар семоҳаи аввали соли 2012 аз Русия ба Тоҷикистон шахсони воқеӣ 551 млн. $ ва дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ 851 млн. $ маблағи пулӣ интиқол додаанд.

Ҳаҷми миёнаи як амалиёти интиқоли маблағи пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 316 ва дар семоҳаи дуюм 239 доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Аз лиҳози ҳаҷми интиқоли маблағи пулӣ аз Русия ба кишварҳои пасошӯравӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ Ӯзбекистон пешсаф аст. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии шахсони воқеӣ аз Русия ба Ӯзбекистон беш аз 2,1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод. Мақоми дуюмро дар ин самт чун анъана Тоҷикистон ишғол меамояд. Дар зинаи сеюм Украина қарор дошта, ҳаҷми маблағи интиқолшуда аз Русия ба ин кишвар дар нимсолаи аввал ба ҳудуди 1,3 млрд. доллари ИМА баробар аст.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 3 млрд. доллари ИМА маблағи пулӣ интиқол дода буданд, ки аз нишондиҳандаи соли 2010 тақрибан ба андозаи 800 млн. доллари ИМА зиёдтар аст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, дар зарфи 6 моҳи соли равон шахсони воқеӣ аз Тоҷикистон ба Русия 145 млн. доллари ИМА (семоҳаи аввал 66 млн. $ ва семоҳаи дуюм 79 млн. $) маблағи пулӣ интиқол кардаанд.

Қобили зикр аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон доир ба ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз хориҷи кишвар маълумот пешниҳод намекунад. Моҳи июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе раиси БМТ Абдуҷаббор Ширинов аз пешниҳоди маълумот дар ин хусус худдорӣ варзида, изҳор дошта буд, ки ӯ чунин маълумотро дар даст дорад, вале онро ба ҳамагон пешниҳод карданӣ нест.