Бино ба маълумоти обуҳавошиносони ҷумҳурӣ, аз 28 то 30 май дар баъзе маҳалҳои ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии ҷумҳурӣ ба истиснои шарқи ВМКБ  омадани селҳо дар назар аст.

Обуҳавошиносон пешгӯӣ мекунанд, ки дар дарёҳои Зарафшон, Обихингоб, Сурхоб, Вахш, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда (Варзоб, Лучоб, Харангон, Ромит, Элок) баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.

Дар ВМКБ обуҳавои абрноки тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат дар назар буда, ҳарорат шабона дар ғарби вилоят 6-11 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм, дар шарқи минтақа шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок, дар водиҳо бидуни боришот, лекин дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 28-33 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон низ обуҳавои абрнок, дар доманакӯҳҳо борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешбинӣ шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 16-21 дараҷа ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10-15 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ низ обуҳавои абрнок, баъзан борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар буда, ҳарорат дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11 ва рӯзона 14-19 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе обуҳавои абрноки тағйирёбандаи бидуни боришот пешгӯӣ шуда, ҳарорат шабона 15-17 дараҷа ва рӯзона 25-27 дараҷа гарм мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.