Чанде қабл мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон Дидие Леруа доир гашт.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот доираи васеи масоили ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Фаронса, аз ҷумла, азнавсозии фурудгоҳи шаҳри Душанбе, ҷалби сармояи Фаронса ба иқтисодиёти Тоҷикистон, робитаҳо дар соҳаи илму маориф, нақлиёт ва воридшавии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо баррасӣ гардиданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид намуданд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли 2009 миёни Тоҷикистону Фаронса оид ба сохтмони терминали нав дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо расид. Авввали соли 2010 корҳои сохтмони терминал аз ҷониби собиқ паймонкорони лоиҳа – ширкатҳои фаронсавии Alpha airport ва Sofema Group боздошта шуд.

Он замон муовини директори генералии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Азиз Иброҳимов дар ҷамъи рӯзноманигорон дар ин робита изҳор дошта буд, ки «сабаби мутаваққиф сохтани сохтмони терминали нав номутобиқатии меъёрҳои сохтмонии ҷонибҳо мебошад».

Тибқи баъзе маълумот, он замон ширкатҳои фаронсавӣ ҷиҳати барқарор кардани корҳои сохтмонӣ маблағгузории иловагӣ талаб карда будаанд.

Моҳи октябри соли гузашта палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Протоколи молиявӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Фаронса оид ба лоиҳаи сохтмони терминали нави ФБД аз 1-уми майи соли 2009 ва Созишномаи иловагӣ ба протоколи мазкур аз 29-уми июни соли 2012-ро тасдиқ кард.

Тибқи созишномаи иловагӣ, ҳиссаи Тоҷикистон дар сохтмони терминали нав аз 7 млн. то 19 млн. евро меафзояд. Ҳиссаи Фаронса дар лоиҳаи мазкур бошад, дар ҳаҷми пешина – 20 млн. евро боқӣ мемонад. Аз ҷониби Фаронса ширкати Vinci паймонкори кулли сохтмони иншоот таъин шудааст.