Соли гузашта дар Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 9,8 млрд. сомонӣ (беш аз 2 млрд. $) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд.

Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта ба андозаи 10,4% зиёдтар аст.

«Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар навбати аввал аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли он дар корхонаҳои Вазорати энергетика ва саноат, аз ҷумла ШСХ «Барқи тоҷик», истихроҷи нафту гази табиӣ, саноати истихроҷи ангишт, навъҳои алтернативии энергия ва саноати кӯҳкории истихроҷи маъдан таъмин шуд», - зикр мегардад дар маълумоти Агентии омор.

Дар ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ ҳисссаи саноати истихроҷ – 12,7, саноати коркард – 69,6 ва истеҳсолу тақсимоти нерӯи барқу газ ва об – 17,7%-ро ташкил додааст.

Корхонаҳои Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ соли гузашта ба маблағи зиёда аз 3,4 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки дар муқоиса бо соли 2011 ба андозаи 21,3% бештар аст.

Дар корхонаҳои коркарди нахи пахта ба маблағи беш аз 1,2 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2011 ба миқдори 32,7% зиёд аст.

Аз ҷониби корхонаҳое, ки тобеъи Вазорати энергетика ва саноат нестанд, соли гузашта ба маблағи умумии ҳудуди 1,3 млрд .сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ ба андозаи 11,9% бештар мебошад.

Аз 89 навъи маҳсулоти саноатии муҳим соли 2012 дар 55 номгӯи он (61,8%) истеҳсоли ҳаҷми маҳсулот афзоиш ва дар 28 номгӯй (31,5%) истеҳсоли он коҳиш ёфта, 6 номгӯи маҳсулот (6,7%) истеҳсол нашудаанд.