Аз 1-уми феврали соли 2013 тартиби воридоти нақлиёти автомобилӣ ба Тоҷикистон тағйир меёбад.

Муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Неъмат Раҳматов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки аз ин ба баъд ҳангоми воридот автомобилҳо ба дараҷаҳои «барои истифодаи инфиродӣ» ва «барои мақсадҳои тиҷоратӣ» таснифбандӣ намешаванд.

Ба гуфтаи вай, мувофиқи қарори ҳукумат аз моҳи декабри соли гузашта, тартиби воридоти нақлиёти автомобилӣ ба ҷумҳурӣ тағйир дода шуда, аз моҳи феврал воситаҳои нақлиёт аз ҷониби шахсони воқеиву ҳуқуқӣ тибқи тартиби ягона ворид карда мешаванд.

«Аз моҳи феврал воридоти воситаи нақлиёти сабукрав бо пардохти 18% андоз аз арзиши изофа, 5% боҷи гумрукӣ ва 10% андози аксизӣ сурат мегирад», - иброз дошт номбурда.

Тибқи маълумоти оморӣ, аз моҳи январ то моҳи ноябри соли гузашта ба ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 510 млн. доллари ИМА воситаҳои нақлиёт ворид карда шудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2011 2,2 маротиба зиёдтар аст.

Қобили зикр аст, ки нақлиёти автомобилӣ, асосан автомашинаҳои сабукрав аз кишварҳои Балтикаву Аврупо ворид карда мешаванд. Дар воридоти нақлиёти автомобилҳои бузургҳаҷми боркаш Чин пешсаф аст.