Дар мавриди воридоти гази Ӯбекистон ба Тоҷикистон дар соли равон то ҳанӯз миёни кишварҳо гуфтушунид идома дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, аз гуфтушунидҳои идомадошта дар сатҳи вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва сохторҳои дахлдори кишвар то ҳол ҳеҷ натиҷае ҳосил нашудааст.

«То ҳанӯз талабот ба гази табиӣ мавҷуд аст ва ҳарчанд ҳаҷми талабдоштаи мо аз ҳаҷми соли гузашта зиёд набошад ҳам, вале дар бораи ҳаҷмҳои он мо алҳол чизе гуфта наметавонем», - гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, барои коршоям нигоҳ доштани лӯлаҳои интиқоли газ дар қаламрави ҷумҳурӣ, «Тоҷиктрансгаз» онҳоро ҳамеша бояд бо газ таъмин намояд ва ин миқдор газ барои коршоям нигоҳ доштани лӯлаҳо ворид мегардад.

Ёдрас мекунем, ки бинбар сабаби ба охир расидани муҳлати шартномаи соли 2012, шурӯъ аз 31-уми декабри соли гузашта Ӯзбекистн интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро қатъ намуд. Кишвари ҳамсоя оид ба интиқоли ҳаҷми муайяни газ ба Чин ӯҳдадор буда, дар ин хусус соли гузашта зимни имзои қарордод хабар дода буд.

Бино ба маълумоти «Тоҷиктрансгаз», соли гузашта ба Тоҷикистон аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон 132,4 млн. метри мукааб гази табиӣ ворид шуд, ки нисбат ба соли 2011 ба миқдори 46,6 млн. метри мукааб камтар аст. Мувофиқи қарордод, соли 2012 Тоҷикистон аз Ӯзбекистон бояд 145 млн. метри мукааб газ дастрас мекард, ки арзиши он 300 $ барои 1 ҳазор метри мукаабро ташкил дод.