Ифтитоҳи расмии Лоиҳаи ислоҳоти идоракунии андоз дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Дастгоҳи президенти Тоҷикистон, Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи сармоягузории давлатӣ ва Кумитаи андози Тоҷикистон ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Марша Олив баргузор гардид.
Тавре аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар ҶТ хабр доданд, намояндагони ташкилотҳои донорӣ ва бизнес-ассотсиатсияҳо низ дар маросими ифтитоҳи лоиҳа иштирок варзиданд.
“Лоиҳаи мазкур бо маблағи умумии 18 миллион долл.ИМА ислоҳоти ба баланд бардоштани самаранокии низоми андоз равона шударо дастгирӣ хоҳад намуд,” - гуфт Марша Олив, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон - Ҳадафи лоиҳа аз барпо намудани низоми андози бештар шаффоф, ҳисоботдиҳанда, одилона ва босамар, ки ба нафъи соҳибкории маҳаллӣ ва андозсупорандагони алоҳида хоҳад буд, иборат аст. Он ба расидани ҳадафи бузургтар, яъне баланд бардоштани самаранокии бахши давлатӣ ва фароҳам овардани шароитҳои бештар босубот барои сармоягузории хусусӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.”
“Ислоҳоти андоз масъалаи аввалиндараҷаи Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Пӯшонидани рахнаи андоз ва ҷамоварии даромад ба мо имкониятҳои молиявӣ барои сармоягузорӣ дар хизматрасониҳои ҷамъиятии босифат ба шаҳрвандон ва инфрасохторе, ки боиси рушди иқтисодӣ мегардад, фароҳам меоварад”, - қайд намуд Oдилҷон Ҷабборов, роҳбари шӯъбаи молияи Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Ҳадафи умумии ислоҳоти идоракунии андоз аз баланд бардоштани самаранокӣ ва маҳсулнокӣ тавассути максимизатсияи дараҷаи ҷамъоварии андозҳо ва ба ҳадди ақал расонидани хароҷоти идоракунии андоз ва харҷи андозсупорандагон, ки бо риояи қонунгузорӣ алоқаманданд, инчунин аз такмилдиҳии доимии сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон иборат аст», – зикр намуд Аюбҷон Солиев, муовини аввали раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мақсади лоиҳаи Ислоҳоти идоракунии андоз дар Тоҷикистон аз баланд бардоштани сифати хизматрасонии андозсупорандагон, дараҷаи риояи ихтиёрӣ ва коҳишдиҳии ҳаҷми иқтисоди соягӣ иборат аст. Бо пешбурди идоракунии самараноки андоз лоиҳа ба такмилдиҳии идоракунии молияи давлатӣ ва муҳити беҳтари соҳибкорӣ – ду самти ислоҳоте, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ низ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд, мусоидат мекунад. Бахшҳои мухталифи лоиҳа иқтидори институтсионалӣ ва амалиётии Кумитаи андоз ва шӯъбаҳои онро дар ҷойҳо баланд бардошта зарурати муроҷиати андозсупорандагон ба мақомоти андозро коҳиш медиҳад ва ба фаъолияти босамар дар фазои нави автоматикунонидашуда мусоидат мекунад. Барои андозсупорандагоне, ки мехоҳанд ҳуҷҷатҳоро дар шакли электронӣ супоранд аммо ба компютер дастрасӣ надоранд, дар минтақаҳои дурдаст киоскҳои электронӣ ташкил карда мешаванд.
“Лоиҳа ба таҷрибаи ҷаҳонии Бонки ҷаҳонӣ дар самти барномаҳои таҷдиди идоракунии даромад, бахусус дар кишварҳои ИДМ ва Аврупои шарқӣ ва ба корҳои таҳлилие, ки аз ҷониби Бонк дар Тоҷикистон дар давоми ҳафт соли охир гузаронида шудаанд, такя хоҳад кард”, афзуд Mунавер Хваҷа, Роҳбари лоиҳа ва Ҳамоҳангсози Бонки ҷаҳонӣ оид ба ислоҳоти андоз. “Татбиқи чунин барномаҳо ба афзоиши назарраси ҷамъоварии андоз ва коҳиши коррупсия, ки дар пурсишҳо оид ба фаъолияти соҳибкорӣ қайд шуда буд, оварда мерасонад.”
Лоиҳаи ислоҳоти идоракунии андоз дар доираи Стратегияи Бонки ҷаҳонӣ оид ба ҳамкорӣ бо кишвар барои 2010-2013 таҳия шуда ба зарурати аз байн бурдани монеаҳои институтсионалӣ ба рушди иқтисодӣ, равнақ додани фазои рақобатпазири инвеститсионӣ ва фароҳам овардани замина барои барқарорсозии баъдибӯҳронӣ ва рушди устувор аҳамияти махсус медиҳад.
Айни замон, сандуқи лоиҳаҳои сармоягузории Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 лоиҳа бо ӯҳдадориҳои умумӣ дар ҳаҷми 252.8 млн.доллари ИМА иборат аст. Ҳиссаи бузургтарини сандуқи сармоягузориро соҳаи кишоварзӣ ва рушди деҳот (27 фоиз), баъдан бахши энергетика (24 фоиз), обтаъминкунӣ ва беҳдошт (18 фоиз), рушди инсон – маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ (24 фоиз), бахши хусусӣ (4 фоиз) ва бахши давлатӣ (2 фоиз)-ро ташкил медиҳанд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 январи соли 2025
Додрас ба хонаи машваратӣ рафт. Гумонбарони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” суханони охирини худро гуфтанд
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба ҷойи Рустам Назарзода. Раиси нави КҲФ кист ва роҳбари пешини он бо кадом иқдомаш дар хотирҳо монд?
Гирифторӣ ба бемории зардпарвин дар Суғд зиёд шудааст
Ба хонаводаи қурбониёни кони “Фон-Яғноб” чӣ қадар ҷубронпулӣ пардохт мешавад?
Рустам Мирзозода - додрасе, ки ба вазифаи раиси Додгоҳи олӣ пешниҳод шуд, кист?
Дар пайи вокуниши ҷомеаи Русия. Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро санҷанд
Аз форуму фестивал то консерт ва бузкашӣ. Имсол Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
FSD - аз ҷониби Фонди PATRIP маблағгузорӣ мешавад
Боздошт ва 15 сол ҳабси роҳбари як гуруҳи ҷиноятӣ дар Ҷайҳун баъди 26-сол
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста