Сафири Фавқулодда ва Мухтори ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарипов бо Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Туркия (ТИКА) доктор Сердар Чам дар Анқара вохӯри намуд.

            Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, иқтисодӣ ва тайёр намудани мутахассисонро дар бахшҳои мазкур ва ҷалби сармоягузорони туркро ба иқтисодиёти Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.

             Сердар Чам хотиррасон намуд, ки соли ҷорӣ ТИКА дар шаҳри Душанбе Маркази ташхис ва табобати саратон барои кӯдакон ва мактаби миёнаро дар шаҳри Данғара расман ифтитоҳ хоҳад кард.

             Қобили зикр аст, ки Агентии ҳамкории байналмилалии Туркия дар назди Сарвазири Туркия мебошад ва аз номи Ҳукумати Туркия ба соҳаҳои гуногун, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, тиҷорат, обу энергетикаи кишварҳои Осиё ва Африқо кӯмак мерасонад. ТИКА аз соли 1992 бо Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, соли 1995 Намояндагии худро дар шаҳри Душанбе кушодааст.