Ахири ҳафтаи гузашта бо дархости ширкати «Барқи тоҷик» бинобар сабаби ошкор шудани нуқсу камбудиҳои техникӣ дар генератори синтези газ аз ангишти маҳаллӣ, дар дегхонаи шарқии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе истеҳсоли гармӣ қатъ гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод, дар ин робита раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарореро ба имзо расонид, ки муофиқи он дар иншооти мазкур корҳои таъмир оғоз гардиданд.
Ёдрас мекунем, ки ахири соли 2012 Корхонаи алюминии тоҷик (ТАЛКО) ба Маркази барқу гармидиҳии Душанбе ду адад генератори синтези газ аз ангишти маҳаллӣ пешниҳод кард ва айни замон насби ин генераторҳо дар дегхонаи шарқии МБД Душанбе ба итмом расидааст.
Роҳбари департаменти иттилоотиву таҳлилии ТАЛКО Игор Сатторов он замон изҳор намуда буд, ки насби ин генераторҳо имкон медиҳад, ки як қатор иншооти қисмати шарқии пойтахт бо гармиву оби гарм таъмин карда шаванд. «Барои таъмини кори мунтазами генераторҳо дар мавсим 3 ҳазор тонна ангишт зарур аст», - гуфта буд вай.
Номбурда ҳамчунин гуфта буд, ки бо назардошти хароҷоти кашонидани ангишт то ҷойи истифода, маблағи умумии истифодабарии онҳо дар як мавсим 300 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод, ки аз сарфакории ин дастгоҳҳо гувоҳӣ медиҳад.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 январи соли 2025
Додрас ба хонаи машваратӣ рафт. Гумонбарони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” суханони охирини худро гуфтанд
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба ҷойи Рустам Назарзода. Раиси нави КҲФ кист ва роҳбари пешини он бо кадом иқдомаш дар хотирҳо монд?
Гирифторӣ ба бемории зардпарвин дар Суғд зиёд шудааст
Ба хонаводаи қурбониёни кони “Фон-Яғноб” чӣ қадар ҷубронпулӣ пардохт мешавад?
Рустам Мирзозода - додрасе, ки ба вазифаи раиси Додгоҳи олӣ пешниҳод шуд, кист?
Дар пайи вокуниши ҷомеаи Русия. Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро санҷанд
Аз форуму фестивал то консерт ва бузкашӣ. Имсол Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
FSD - аз ҷониби Фонди PATRIP маблағгузорӣ мешавад
Боздошт ва 15 сол ҳабси роҳбари як гуруҳи ҷиноятӣ дар Ҷайҳун баъди 26-сол
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста