Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорони инфиродӣ, ки бо патент ва шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз рӯи тартиби соддакардашуда андозбандӣ карда мешаванд. Ин табақаи андозсупорандагон сершумор буда, ба соҳибкорӣ ҷалб гардидани онҳо барои ҳалли мушкилоти зиёди иҷтимоӣ мусоидат менамояд.
Бинобар ҳамин, масъалаи интихоби реҷаи мувофиқи андозбандии субъектҳои соҳибкории хурду миёна бисёр муҳим мебошад ва маҳз бо назардошти муҳимияти ин масъала дар Ҷумҳурӣ шакли бо патент андозбандӣ кардани соҳибкорони инфиродӣ ҷорӣ карда шуда, чунин тартиб самаранокии худро пеш аз ҳама барои шаҳрвандоне, ки имконияти ба соҳибкории хурду миёна машғул шуданро доранд, имрӯзҳо низ собит намуда истодааст.
Бояд қайд намуд, ки сарфи назар аз сершумор будани теъдоди соҳибкорони инфиродие, ки бо патент фаъолият менамоянд, барои назорати андози онҳо хароҷоти зиёд зарур намебошад, зеро фаъолияти ин андозсупорандагон мавриди санҷиши ҳуҷҷатии андоз қарор дода намешавад.
Бояд боз як нуктаи дигари муҳимро ҳам қайд намуд, ки дар ибтидо истифодаи патент ҳамчун зинаи нахустини ворид гаштани шаҳрванд ба иқтисоди бозаргонӣ дар назар дошта шуда буд. Яъне шаҳрванд бо тартиби соддатарини андозбандӣ, ба соҳибкорӣ оғоз намуда, пас аз пайдо кардани таҷриба ба тартиби бо шаҳодатнома фаъолият намудан мегузарад ва аллакай ҳуқуқ дорад, ки коргари кироя гирад, фаъолияти иқтисодии хориҷиро амалӣ созад, инчунин ӯҳдадор аст муҳосиботро пеш барад ва ба мақомоти андоз эъломияҳо ва ҳисоботҳои андозро пешниҳод намояд.
Дар ҳар сурат барои дар шакли шахси ҳуқуқӣ фаъолият намудани андозсупоранда ва пурра ба иқтисоди бозаргонӣ ворид гаштани он, ин зина ҳам метавонад як зинаи навбатӣ ва ба даст овардани таҷрибаи кофии соҳибкорӣ бошад.
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», ки аз 1 июли соли 2009 мавриди амал қарор дорад, тартиби гузаштан аз қайди давлатӣ ва ба фаъолият оғоз намудани соҳибкорони инфиродӣ низ тамоман содда гардонида шудааст ва аз 3 рӯзи корӣ бештарро дар бар намегирад.
Бинобар ҳамин, бо назардошти барои шаҳрвандон содда ва қулай будани тартиби ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ бо патент ва шаҳодатнома, нисбатан кам будани гаронии андоз барои шаҳрвандоне, ки бо ин шакл ба соҳибкорӣ машғул мешаванд, тартиби мазкур дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, ки аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор гирифт, нигоҳ дошта шудааст. Тибқи Кодекси андоз дар таҳрири нав низомҳои андозбандии фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла бе ташкили шахси ҳуқуқӣ содда ва ба шароити имрӯзаи бозоргонӣ мутобиқ карда шудааст.
Тибқи қонунгузории андоз дорандагони патент барои бурдани ҳисоби муҳосибӣ, мавриди истифода қарор додани мошинаҳои назоратии хазинавӣ ва пешниҳод намудани эъломияҳои андоз ӯҳдадор намебошанд.
Соҳибкори инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамояд, ҳуқуқ дорад аз рӯи маҳалли фаъолияти худ дар кадом ноҳияе, ки бошад, бақайдгирии давлатиро гузарад.
Барои ба муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав мутобиқ намудани тартиби бақайдгирӣ ва андозбандии соҳибкорони инфиродӣ муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2009 таҳти №656 дар бораи тасдиқи қоидаҳои андозбандии шахсони воқеие, ки бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ машғуланд, такмил дода шуда, аз 31 августи соли 2012, №451 дар таҳрири нав қабул гардида, дар асоси он “Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд” тасдиқ ва аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шуд.
Ҳангоми таҳияи қарори мазкур тағйироту иловаҳо дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати бақайдгирӣ, назорати фаъолият ва андозбандии соҳибкорони инфиродӣ ба инобат гирифта шуд, аз он ҷумла аз номгӯи андозҳо хориҷ гардидани андоз аз фурӯши чаканаи молҳо, минбаъд супорандаи андоз аз арзиши иловашуда (ба истиснои воридотӣ) ба ҳисоб нарафтани соҳибкори инфиродӣ, то андозае баробар намудани ҳуқуқҳои соҳибкорони инфиродӣ ба ҳуқуқҳои шахсони ҳуқуқӣ, дар маҷмӯъ такмил дода шудани низоми андозбандии соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ва шаҳодатнома фаъолияткунанда ва ғайраҳо. Инчунин, ҳангоми таҳияи қарор эродҳои андозсупорандагон оиди номукаммалии қарори пешинаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2009, №656 ба инобат гирифта шуда, дар натиҷа низоми андозбандии соҳибкорони инфиродӣ, ки дар асоси патент ва шаҳодатнома фаъолият менамоянд, таҷдид ва такмил дода шуд.
Эродҳо асосан ба чунин қисматҳои қарор дахл доштанд, аз ҷумла, доир ба мураккаб будани гурӯҳбандии фаъолияти соҳибкорӣ дар асоси патент, норозигии соҳибкорони инфиродӣ (асосан он соҳибкорони инфиродие, ки ба хариду фурӯш машғул мебошанд) ҷиҳати якхела будани маблағи патент ҳам барои соҳибкороне, ки дар масоҳати хурд савдо менамоянд ва ҳам барои соҳибкороне, ки дар масоҳати калон ба тиҷорат машғул мебошанд ва мутаносибан даромади бештар ба даст меоваранд.
Инчунин, тибқи тартиби қаблӣ пешбинӣ шуда буд, ки маблағи патент дар ҳама ҳолат ва ҳатто дар ҳолатҳои истисноӣ пардохта мешавад, ки чунин тартиб низ боиси норозигии як қатор соҳибкорон шуда буд. Дар баробари ин, то оғози соли 2013 меъёри андози иҷтимоӣ барои саҳмдорон-аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ба андозаи ҳамагӣ 15 сомонӣ дар як моҳ муқаррар шуда бошад ҳам, дар як қатор ҳолатҳо чунин меъёри имтиёзнок боиси норозигии аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ гардида буд.
Бо мақсади бартараф намудани номукаммалиҳои номбаршуда ҳангоми таҳияи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, №451 ба тартиби андозбандии соҳибкорони инфиродӣ чунин тағйиротҳои асосӣ ворид карда шуд, ки тартиби бо патент машғул шудан ба соҳибкориро боз ҳам қулайтар ва соддатар менамояд, аз ҷумла 1) муқаррар карда шуд, ки ҳангоми ба амал омадани сӯхтор дар маҳалли фаъолият, бемории бистарӣ шудани соҳибкор, ё фавтидани он, маблағи патент пардохт карда намешавад; 2) тибқи тартибе, ки то 1 январи соли 2013 амал мекард, соҳибкори инфиродӣ дар сурати дар моҳи оянда идома надодани фаъолият, бояд фаъолияти худро то охири моҳи ҷорӣ қатъ менамуд, яъне дар ҳолати пас аз фаро расидани моҳи нав қатъ намудани фаъолият, ӯҳдадории пардохти маблағи патент барои ин моҳи нав ба миён меомад, ки барои соҳибкор чунин тартиб чандон қулай набуд. Бинобар ҳамин, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, №451 муқаррар карда шуд, ки аз оғози соли 2013 сар карда, соҳибкор барои қатъ намудани фаъолияти худ ҳуқуқ дорад то таърихи 5 моҳи минбаъда ин корро анҷом диҳад; 3) барои саҳмдорон-аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ меъёри андози иҷтимоӣ ба ҷойи 15 сомонӣ ба андозаи 10 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуд. Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки меъёри патент барои як қатор намудҳои фаъолият кам карда (бе ҷойи нишаст тайёр намудан ва фурӯши таомҳо, кашонидани мусофирон ба воситаҳои автобусҳо, кашонидани борҳои гуногун то 5 тонна, корҳои граверӣ, кандакорӣ, маҳсулоти бофташуда ва гулдӯзикардашуда ва ҳоказо), барои дигар намудҳои фаъолият зиёд карда (фурӯши нос-тамоку, равғани растанӣ ва ҳайвонот, моҳии дудкардашуда, мева ва сабзавоти тару тоза, полезӣ, тухми офтобпараст, қисмҳои эҳтиётӣ барои воситаҳои нақлиёт, молҳои барқӣ ва таҷҳизоти барқӣ, гулҳои зинда, хизматрасонии сантехникӣ, хизматрасонии электрик, таъмири техникаи маишӣ, хизмати миёнаравҳо дар бозор ва ғайраҳо) ва бо назардошти нисбатан зиёдтар будани ҳаҷми даромад, як қатор намудҳо аз номгӯи фаъолиятҳо бо патент хориҷ карда шуда, минбаъд дар асоси шаҳодатнома анҷом додани онҳо пешбинӣ карда шуд (аз қабили молкушии ҳайвонот ва фурӯши гӯшт, фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ, ҳасиб, маҳсулоти тамоку, маҳсулоти қолинӣ, орд, тирезаҳо дарҳо, аудио ва видео кассетаҳо ва ғайра).
Вобаста ба зиёд шудани меъёрҳо барои намудҳои алоҳидаи фаъолият бояд махсус қайд намуд, ки тибқи назарияи андозбандӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ бо мақсади таъмини риояи адолатнокии гаронии андоз меъёрҳое, ки бо маблағ муқаррар карда мешаванд, бояд ҳар сол бо назардошти сатҳи таваррум индексатсия карда шаванд. Зеро, ҳангоми дар шакли фоиз муқаррар шудани меъёрҳо дар ҳолати тағйир ёфтани сатҳи таваррум таносуби ҳаҷми даромад ва ҳаҷми андозҳо худ ба худ танзим мегардад. Масалан, дар сурати ба нархи 100 сомонӣ фурӯхтани мол, агар андоз аз арзиши иловашудаи он бо меъёри 18 фоиз, 18 сомониро ташкил диҳад, пас дар сурати зери таъсири таваррум бо нархи 110 сомонӣ фурӯхтани он, маблағи андоз бо ҳамин 18 фоиз ба 19,8 сомонӣ баробар мешавад. Бинобар ҳамин, дар ҳолати индексатсия нашудани меъёрҳои бо маблағ муқарраршаванда ин принсип халалдор мегардад. Дар ҳамин асос дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андози замин, андози ягона, пардохтҳои ҳатмӣ, ки меъёри онҳо бо маблағ муқаррар шудааст, ҳар сол бо назардошти сатҳи таваррум индексатсия карда мешаванд. Тартиби индексатсия шудани меъёри патентҳо низ то қабул шудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2008, №273, ки фаъолияти соҳибкорони инфиродиро танзим менамуд, истифода мегардид. Аммо дар асоси қарори мазкур меъёрҳои қаблан амалкунандаи патентҳо бе тағйир мононда шуда, тартиби индексатсия кардани он аз байн бурда шуд. Бинобар ҳамин, дар баробари ҳар сол бо назардошти сатҳи таваррум индексатсия шудани меъёрҳои андозҳои бо маблағ муқарраршуда (аз қабили андози замин, андози ягона, андоз аз молу мулки ғайриманқул), тайи чанд соли охир маблағи патент бе тағйир монд, ки вобаста ба тағйир ёфтани арзиши молҳо, кор ва хизматрасонӣ ва сатҳи даромаднокӣ ҷавобгӯи принсипи андозбандии воқеӣ набуд. Ҳол он ки тибқи маълумотҳои расмии оморӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2008 сатҳи таваррум 3,5 фоиз, дар соли 2009 - 5 фоиз, дар соли 2010 - 9,8 фоиз, дар соли 2011 - 9,3 фоиз ва дар соли 2012-6,4 фоизро ташкил додааст. Ба ҳамин тариқ, агар маблағи патент тибқи принсипҳои эътирофшудаи андозбандӣ ҳар сол индексатсия карда мешуд, пас ҳаҷми он дар ин солҳо то ба имрӯз бамаротиб зиёд мегардид. Ҳол он ки барои аксар намудҳои фаъолият, ки меъёри онҳо дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, №451 зиёдтар карда шудааст, ҳаҷми афзоиши меъёр ҳамагӣ аз 5 сомон то 50 сомониро ташкил медиҳад, масалан, маблағи патент барои фурӯши нӯшокиҳои ғайриспиртӣ дар як моҳ 75 сомонӣ муқаррар шуда буд ва он ба андози 15 сомонӣ зиёдтар карда шуда, ба 90 сомонӣ баробар карда шуд, фурӯши маҳсулоти нонӣ ва дигар маҳсулоти ордӣ 45 сомонӣ буда, 15 сомонӣ зиёд карда шуд, барои фурӯши шакар, чой, моҳии тару тоза, намак 15 сомонӣ, барои фурӯши яхмос, меваи хушк, шириниҳо, молҳои миллии касбӣ, кашондани бор бо тракторҳо, корҳои сохтмонӣ-таъмирӣ, духтани ҷилдҳо 20 сомонӣ, моҳии дудкардашуда, моҳиҳои аквариум 45 сомонӣ, чиниворӣ 55 сомонӣ, барои фурӯши шириниҳо ва маҳсулоти қаннодии милӣ, мева ва сабзавоти тару тоза, асбобҳои мӯсиқӣ, кашондани маҳсулоти нафтӣ 60 сомонӣ, барои фурӯши бистарҳои хоб ва пойафзол, сувенирҳо, фурӯши атриёт, маҳсулоти чиниворӣ, телефонҳои мобилӣ, либоси фабрикавӣ, пардаҳо, турҳо, газворҳо, маҳсулоти хоҷагӣ ва чанд номгӯи дигар ҳамагӣ дар ҳаҷми 5 сомонӣ зиёд карда шудааст.
Инчунин, бояд ба инобат гирифт, ки тибқи тартиби муқарраршуда нисбат ба патент коэффитсиентҳои танзимкунанда пешбинӣ шудааст, ки дар асоси он маблағи патентҳо дар як қатор ноҳияҳо вобаста ба вазъияти иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо пасттар мегардад. Масалан, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, , 451 барои шаҳрҳои Роғун, Истиқлол, марказҳои маъмурии ноҳияҳои Ҷиликул, Қумсангир, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус, Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон, Восеъ, Фархор ва як қатор шаҳру ноҳияҳои дигар коэффитсиенти 0,8 ва дигар деҳотҷойҳо 0,7 муқаррар карда шудааст, яъне дар ин марзҳои маъмурӣ маблағи патент дар ҳаҷми 80 ва 70 фоизи маблағи дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда пардохта мешавад.
Вобаста ба масоҳати ишғолнамуда пешбинӣ намудани меъёрҳои патент дар мавриди фаъолияти «фурӯши молҳои ниёзи мардум ва маҳсулоти хурока» дар назар дошта шудааст. Ба сатҳи даромаднокӣ, масоҳати ишғолнамудаи ҷои фаъолият низ таъсир расонида метавонад. Андозбандии ин намуди фаъолият дар қарори пешина дар шакли гурӯҳҳои алоҳида пешбинӣ шуда, маблағи патент вобаста ба гурӯҳ, номгӯи молу маҳсулот ва масоҳат ҳисоб карда мешуд. Бинобар ҳамин, барои адолатнок шудани меъёри патент, барои масоҳати савдо дар ҳаҷми 1 метри мураббаъ меъёри минималӣ, барои 2 метр меъёри бештар ва барои аз 2 то 3 метр дигар меъёр пешбинӣ карда шудааст.
Дар мавриди Фуруши маҳсулоти кишоварзӣ дар растаҳо бо назардошти он, ки дар бозорҳо ба фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ асосан миёнаравҳо машғул мебошанд, меъёрҳои баландтар пешбинӣ шудааст, ки воқеиятро дуруст инъикос менамояд.
Инчунин дар тартиби нав пешбинӣ шудааст, ки баъзе намудҳои фаъолият бо назардошти ҳаҷми даромаднокии онҳо ва бо мақсади пешгирӣ намудани роҳҳои канораҷӯӣ аз пардохти андозҳо ва таъмин намудани пешбурди ҳисоби муҳосибӣ ва андозӣ, бо ташкил намудани шахси ҳуқуқӣ амалӣ карда шаванд, аз ҷумла, фурӯши сӯзишворӣ, гази моеъ.
Бо назардошти он ки зиёда аз 75 фоизи андозсупорандагони дар қайди мақомоти андоз бударо шахсони воқеие ташкил менамоянд, ки дар асоси патент, шаҳодатнома ва ё бо ташкили хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд, ҷиҳати дар амал дуруст татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012 таҳти №451, ки фаъолияти онҳоро ба танзим медарорад, китобчаи алоҳида таҳти унвони “Тафсири мухтасари қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2012, №451” дар ҳаҷми 40 ҳазор адад, “Дастури мухтасар доир ба андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки бо шаҳодатнома фаъолият менамоянд” дар ҳаҷми 20 ҳазор адад ва “Дастури мухтасар доир ба фаъолият бо патент” дар ҳаҷми 50 ҳазор адад ба чоп расонида шуда, дар семинар-машваратҳо ва бевосита дар ҷойҳои кории соҳибкорони инфиродӣ ба тариқи ройгон дастраси онҳо гардонида шуд. Зиёда аз ин, дар се моҳи охири соли 2012 илова ба намоишу барномаҳои телевизионӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандони мақомоти андоз, оид ба қонунгузории андоз, ки аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шудааст, бо иштироки соҳибкорон зиёда 300 семинар – машваратҳо гузаронида шуд.
Сарфи назар аз ин, раванди мавриди амал қарор додани тартиби нави андозбандии соҳибкорони инфиродӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мутаассифона, то ҳанӯз як қисмати соҳибкорони инфиродӣ ва намояндагони баъзе расонаҳои хабарӣ муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 31 августи соли 2012, № 451 дуруст дарк ва аз худ накардаанд ва бинобар ҳамин, ба иштибоҳот роҳ медиҳанд.
Бинобар ҳамин, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва соҳибкорон маълумоти зеринро пешниҳод намуда, омода аст, ки дар ҳолати зарурӣ оид ба тағйироту иловаҳо дар қисмати андозбандии соҳибкорони инфиродӣ тавзеҳоти иловагӣ пешниҳод намояд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 январи соли 2025
Додрас ба хонаи машваратӣ рафт. Гумонбарони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” суханони охирини худро гуфтанд
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба ҷойи Рустам Назарзода. Раиси нави КҲФ кист ва роҳбари пешини он бо кадом иқдомаш дар хотирҳо монд?
Гирифторӣ ба бемории зардпарвин дар Суғд зиёд шудааст
Ба хонаводаи қурбониёни кони “Фон-Яғноб” чӣ қадар ҷубронпулӣ пардохт мешавад?
Рустам Мирзозода - додрасе, ки ба вазифаи раиси Додгоҳи олӣ пешниҳод шуд, кист?
Дар пайи вокуниши ҷомеаи Русия. Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро санҷанд
Аз форуму фестивал то консерт ва бузкашӣ. Имсол Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
FSD - аз ҷониби Фонди PATRIP маблағгузорӣ мешавад
Боздошт ва 15 сол ҳабси роҳбари як гуруҳи ҷиноятӣ дар Ҷайҳун баъди 26-сол
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста