Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати дуюми нерӯгоҳи «Сангтӯда-2», ки дар таҷлили ҷашни Наврӯз дар назар аст, ширкат хоҳад варзид. Дар ин бора IRIB World Service бо истинод ба вазири энергетикаи Эрон Маҷиди Номҷӯ хабар медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки 5-уми сентябри соли 2011 бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод маросими мавриди истифода қарор гирифтани агрегати авали нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» доир гардида буд.
Мавриди зикр аст, ки сохтмони нерӯгоҳи обӣ-барқии «Сангтӯда-2» ҳанӯз замони шӯравӣ оғоз гардида, минбаъд иҷрои корҳо дар он ба иллати камбуди маблағ ва ҳамчунин оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон боздошта шуда буданд ва сипас соли 2006 бо дастгирии Эрон ба иҷрои корҳои насбу сохтмон дар он идома бахшида шуд.
Тавре пешбинӣ мегардад, иқтидори нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» ба истеҳсоли 1 млрд. кВт/соат нерӯи барқ дар як сол баробар хоҳад буд. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани он дар муддати 12,5 сол он моликияти Эрон хоҳад буд ва сипас пурра ба ихтиёри Тоҷикистон супурда мешавад.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 январи соли 2025
Додрас ба хонаи машваратӣ рафт. Гумонбарони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” суханони охирини худро гуфтанд
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба ҷойи Рустам Назарзода. Раиси нави КҲФ кист ва роҳбари пешини он бо кадом иқдомаш дар хотирҳо монд?
Гирифторӣ ба бемории зардпарвин дар Суғд зиёд шудааст
Ба хонаводаи қурбониёни кони “Фон-Яғноб” чӣ қадар ҷубронпулӣ пардохт мешавад?
Рустам Мирзозода - додрасе, ки ба вазифаи раиси Додгоҳи олӣ пешниҳод шуд, кист?
Дар пайи вокуниши ҷомеаи Русия. Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро санҷанд
Аз форуму фестивал то консерт ва бузкашӣ. Имсол Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
FSD - аз ҷониби Фонди PATRIP маблағгузорӣ мешавад
Боздошт ва 15 сол ҳабси роҳбари як гуруҳи ҷиноятӣ дар Ҷайҳун баъди 26-сол
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста