Ширкати нави ҳавопаймоии дар Тоҷикистон амалкунанда - «Asian Express Airline» дар рӯйхати ширкатҳое пайдо шуд, ки таҳти таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо қарор доранд.
«Asian Express Airline» ҳамчун ширкати мутааллиқ ба соҳибкори эронӣ Бобак Занҷонӣ зикр мешавад. Дар ин рӯйхат тиҷоратҳои дигари соҳибкори эронӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ зикр мегардад. Тамоми тиҷорати соҳибкори бузурги эронӣ ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта аз ҷониби ИА ба «рӯйхати сиёҳ» ворид гардида буд.
Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Asian Express Airline» Сӯҳроб Оймаҳмадов дар ин робита изҳор намуд, ки ин ширкат ба Бобак Занҷонӣ ва тиҷорати ӯ ҳеҷ муносибате надорад.
Ба қавли ӯ, сабаби ба «рӯйхати сиёҳ»-и ИА шоимл гардидани ширкат ба ӯ маълум нест, зеро ширкат маҳз ҳавопаймоҳои истеҳсоли аврупоии Airbus А320 харидорӣ намуда, ахири соли гузашта ду адади он ба Душанбе оварда шудаанд ва дигар ҳавопаймоҳоро ҳам ширкат аз Аврупо дастрас хоҳад кард. «Дар робита ба ҷаноби Занҷонӣ бошад, ҳимоягтарони ӯ баҳри хориҷ кардани тиҷорати ӯ аз «рӯйхати сиёҳ» талош хоҳанд варзид, зеро таҳримҳои ИА нисбати ӯ беасос аст», - иброз дошт вай.
Ёдрас мекунем, ки қаблан ОИ «Азия-Плюс» бо истинод ба Сарраёсати ҳавопаймоии шаҳрвандии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки ширкати ҳавопаймоии «Asian Express Airline» хусусӣ буда, ҳавопаймоҳои истеҳсоли кишварҳои Ғарбро ба Душанбе интиқол додааст.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 январи соли 2025
Додрас ба хонаи машваратӣ рафт. Гумонбарони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” суханони охирини худро гуфтанд
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба ҷойи Рустам Назарзода. Раиси нави КҲФ кист ва роҳбари пешини он бо кадом иқдомаш дар хотирҳо монд?
Гирифторӣ ба бемории зардпарвин дар Суғд зиёд шудааст
Ба хонаводаи қурбониёни кони “Фон-Яғноб” чӣ қадар ҷубронпулӣ пардохт мешавад?
Рустам Мирзозода - додрасе, ки ба вазифаи раиси Додгоҳи олӣ пешниҳод шуд, кист?
Дар пайи вокуниши ҷомеаи Русия. Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро санҷанд
Аз форуму фестивал то консерт ва бузкашӣ. Имсол Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
FSD - аз ҷониби Фонди PATRIP маблағгузорӣ мешавад
Боздошт ва 15 сол ҳабси роҳбари як гуруҳи ҷиноятӣ дар Ҷайҳун баъди 26-сол
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста