Ахири ҳафтаи сипаришуда вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов бо гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии роҳбари баронмаи рушди энергетика дар Осиёи Марказӣ Сунил Хусла мулоқот орост.
Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот атрофи масоили муҳим ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши молия ва дигар бахшҳо табодули назар сурат гирифт.
Ҷонибҳо ба масоили рушди бахши энергетика дар Тоҷикистон, аз ҷумла таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии сохтмони хатти баландшиддати барқи CASA-1000 ва ҳамчунин дигар масоили рӯзмарра таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ҷараёни амалисозии барномаҳои пешбинишуда, расонидани кӯмаки техникиву молиявӣ ба Тоҷикистон ва ҳамчунин нақши созмонҳои байнулмилалии молиявӣ дар ин самт низ баррасӣ шуданд.
С.Наҷмиддинов зикр кард, ки дар давоми ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар қисмати роҳандозии ислоҳот дар бахши молиявии Тоҷикистон, пешравиҳои зиёд ба даст оварда шуданд. Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд низ ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ дар асоси созандагӣ густариш меёбанд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 январи соли 2025
Додрас ба хонаи машваратӣ рафт. Гумонбарони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” суханони охирини худро гуфтанд
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба ҷойи Рустам Назарзода. Раиси нави КҲФ кист ва роҳбари пешини он бо кадом иқдомаш дар хотирҳо монд?
Гирифторӣ ба бемории зардпарвин дар Суғд зиёд шудааст
Ба хонаводаи қурбониёни кони “Фон-Яғноб” чӣ қадар ҷубронпулӣ пардохт мешавад?
Рустам Мирзозода - додрасе, ки ба вазифаи раиси Додгоҳи олӣ пешниҳод шуд, кист?
Дар пайи вокуниши ҷомеаи Русия. Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро санҷанд
Аз форуму фестивал то консерт ва бузкашӣ. Имсол Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
FSD - аз ҷониби Фонди PATRIP маблағгузорӣ мешавад
Боздошт ва 15 сол ҳабси роҳбари як гуруҳи ҷиноятӣ дар Ҷайҳун баъди 26-сол
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста