Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар ду моҳи соли равон 785,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 5% ё худ 41,4 млн. доллари ИМА зиёдтар аст.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили 300 млн. доллари ИМА шудааст. Дар ин давра Тоҷикистон бо 70 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва 60 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.
Дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ ҳаҷми содироти мол беш аз 242,5 млн. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин моҳҳои соли гузашта 18% ё худ 37 млн. $ зиёдтар мебошад. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми беш аз 543 млн. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта ба андозаи 12% ё худ 78 млн. $ камтар аст.
Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта соли равон ҳаҷми воридоти маҳсулоти ғизоии тайёр ба андозаи 25%, маҳсулоти минералӣ – 24%, мошину таҷҳизот – 17%, маҳсулоти кимиёвӣ – 16%, воситаҳои нақлиёт – 10% ва маҳсулоти рустанӣ ба миқдори 15 % коҳиш ёфт.
Дар ҳамин ҳол, дар зарфи 2 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 57 млн. $ зиёда аз 50 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст. Аз ҷумла, моҳи феврал ба ҷумҳурӣ ба маблағи ҳудуди 22 млн. $ беш аз 20 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи вазн – 37% ва аз рӯи арзиш – 45% камтар мебошад.
Шарики асосии Тоҷикистон дар муомилоти мол дар ин давра Русия буда, ҳаҷми муомилоти моли хориҷии кишвар бо он зиёда аз 132 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ин давра ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо Туркия – 114 млн. $, Қазоқистон – 107 млн. $ ва Чин – беш аз 95 млн. $-ро ташкил дод.
Мансаби нави Шодӣ Ҳафиззода ва исми сардорони нави раёсатҳои ВКД дар Суғду Рашт. Боз киҳо мансаб гирифтанд?
Шоҳрух Саидзода сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таъин шудааст
Ҳар як кӯдаки сеюм дар Тоҷикистон ба серӣ хӯрок намехӯрад
Дар як рӯз ду навраси дигар дар об ғарқ шуданд. Тавсияҳои КҲФ дар мавсими оббозӣ
Душанбе то моҳи сентябри соли оянда пурра ба электромобил мегузарад
Шӯрои олимпии Осиё барои сохтмони майдони варзиши сабук дар Душанбе 1,5 млн сомонӣ медиҳад
Аз Урдун шикаст хӯрд. Тоҷикистон имкони роҳ ёфтан ба Ҷоми Ҷаҳон-2026-ро аз даст дод
Идомаи ҷанҷол дар ҲДТ. Усмонзода далелҳои иловагии худро ба Вазорати адлия пешниҳод кардааст
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон тозатарин дар ИДМ эътироф шуд
Як мард барои куштори ҳамзисташ 16 сол равонаи зиндон шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста