Рӯзҳои 13-14 марти соли равон вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ дар конфронси байналмилалии «Нафту гази Туркманистон», ки дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, иштирок намуда, дар мавзуи «Рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи нафту газ» маърӯза кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, дар доираи чорабинӣ бо М. Халилов – вазири саноати нафту газ ва захираҳои табиии Туркманистон , К. Абдуллоев – раиси корхонаи давлатии «Туркменгаз», А. Деряев – раиси корхонаи «Туркменнафт», Матар Хамид Ал Неяди – муовини вазири энергетикаи Амороти Муттаҳидаи Араб ва директори генералии ширкати Dragon Oil PLC Абдул-ҷалил Ал Халифа ва дигарон вохӯриҳо баргузор шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯриҳо масъалаҳои вобаста ба инкишофи истихроҷи карбогидратҳо, технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои истихроҷи нафту газ ва коркарди он ва ҷалби сармоягузорӣ дар самти корҳои ҷустуҷӯӣ – иктишофӣ ва истихроҷи конҳои нафту газ дар ҷумҳурӣ баррасӣ гардиданд.