Ба иллати баланд будани нархи бензин беш аз 40%-и нақлиёти автомобилии Тоҷикистон ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.

Дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» зикр мегардад, ки айни замон гази моеъ ба ҷумҳурӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан ворид гардида, тайи ду моҳи соли равон ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон 9 ҳазору 706 тонна гази моеъ интиқол шудааст.

Гуфта мешавад, бо анҷоми муҳлати қарордод аввали соли равон интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон қатъ гардида, ҳалли ин масъала то ҳол норавшан аст.

«Дар Тоҷикистон гази табиӣ дар ҳаҷми начандон назаррас истихроҷ мегардад. Ба Тоҷикистон гази табиӣ асосан аз Ӯзбекистон ворид мешуд ва истеъмолгарони асосии он – Ширкати алюминии Тоҷик (ТАЛКО) ва ҶСК «Тоҷиксемент» ба шумор мераванд. Бар асари арзиши баланд ва мушкилоти мавҷудаи интиқоли гази табиӣ, истеъмоли дохилии он дар кишвар бамаротиб коҳиш ёфт», - омадааст дар гузориш.

Дар гузориш таъкид мегардад, ки дар ширкати ТАЛКО барои роҳандозии фаъолияти истеҳсолӣ аз гази синтетикии аз ангишти маҳаллӣ ҳосилшуда истифода мекунанд, вале бинобар камбуди гази табиӣ ҶСК «Тоҷиксемент» аз фаъолият бозмонд.