Дар маросими муаррифии таъсиси аввалин Бюрои қарзиву иттилоотӣ дар Тоҷикистон раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Ширинов изҳор намуд, ки низоми бонкии кишвар ба мушкилоти камбуди захираҳои молиявӣ дучор шудааст.

Ба гуфтаи вай, «барои низоми бонкии Тоҷикистон масъалаи қарздиҳӣ дар маҷмӯъ «дардовар» буда, агар ҳаҷми қарзҳои бонкиро бо сармояи онҳо муқоиса намоед, дарвоқеъ ҳам низоми бонкии мо имрӯз ба мушкилоти бузурги норасоии захираҳо рӯ ба рӯ аст».

«Аз ин рӯ, қисми зиёди воситаҳои тавассути низоми бонкӣ барои сармоягузорӣ равонашуда ба воситаҳои амонатӣ дохиланд, ки маъмулан кӯтоҳмуҳлат буда, истифодаи онҳо барои қарздиҳии дарозмуҳлат ғайриимкон мебошад», - иброз дошт ӯ.

Раиси БМТ гуфт, аз ҷониби мақомоти дахлдор барои ҷалби «маблағҳои бештар дарозмуҳлат» ҷиҳати таъмини қарзҳои дарозмуҳлат тадбирҳои зиёде андешида мешаванд, «вале дар ин самт мо то ҳанӯз камбудиҳои зиёде дорем».

Дар робита ба ифтитоҳи аввалин Бюрои қарздиҳиву иттилоотӣ Ширинов зикр кард, ки фаъолияти он ба ҷалби бештари захираҳо барои қарздиҳӣ ба иқтисоду аҳолии кишвар имкон фароҳам меоварад.

Муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон низ мавҷудияти «мушкилоти зиёд» дар бахши қарзиву молиявии кишвар, бахусус дар қарзҳои мақсаднокро таъкид намуда, изҳор кард, ки «мо дигар аз бонкҳо дархост намекунем, ки қарзҳои мақсаднок пешниҳод намоянд».

«Акнун агар барои ҳукумат зарур бошад, ба Вазорати молия муроҷиат мекунад ва ба бахши мазкур ҳукумат дигар дахолат нахоҳад кард», - иброз дошт муовини нахуствазир.