Чанде қабл раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов бо муовини аввали Директори Корпорацияи «ZONERGY»-и Чин ҷаноби Го Ҷинг вохўри анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, Давлаталӣ Саидов аз имкониятҳои фаррохи сармоягузорӣ дар кишвар ибрози ақида намуда, аз қонунҳо ва барномаҳои дар ин самти барои мамлакат муҳимро ёдовар шуда иброз намуд, ки ҳадафи Ҳукумати мамлакат ҳар чи тезтар ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад ва дар ин самт аз ҳама имкониятҳо самаранок истифода хоҳем бурд.

Муовини аввали директори Корпорацияи «ZONERGY» ҷаноби Го Ҷин ибрози ақида намуд, ки Тоҷикистон рӯз аз рӯз ободу зебо шуда истодааст ва мо мехоҳем дар ин кишвар имкониятҳои нави истифодаи тавлиди нерӯи барқро бо воситаи офтоб, шамол об ва ғайра ба роҳ монем. Дар ин самт мо таҷрибаи бойи корӣ, технологияи замонавӣ ва потенсиали бузурги кадриро доро ҳастем.

Раиси Кумита аз дастовардҳои беназири даврони истиқлолият дар самти таъмини аҳолӣ бо нерўи барқ, тавлиди корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва имкониятҳои васеъи сармоягузорӣ дар ин самт ва дигар паҳлўҳои ин соҳа ёдовар шуда иброз намудаанд, ки Кумита омода ҳаст дар доираи ваколатҳои худ тибқи қонунҳои амалкунанда тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.