Дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи ваколатдори ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» Бузургмеҳр Ёров дар робита ба қазияи пардохти қарзи ширкат ба ҶСК «Ориёнбонк» изҳор намуд, ки бонк ба онҳо пешниҳод намудааст, ки иншооти ба сифати гарав дар ихтиёри бонк қарордоштаро бо нархи барояшон мувофиқ худашон ба фурӯш гузоранд.
Ба қавли Ёров, намояндагони ширкат ва бонк оид ба пардохти қарзи чанде қабл афзудаи ширкат дар назди бонк дар ҳаҷми 4 млн. 990 ҳазор сомонӣ гуфтушунид карда, ба мувофиқа расидаанд, ки аз ҷониби худи ширкат дарёфт кардани мизоҷу бо нархи муносиб барои ширкат фурӯхтани иншооти ба сифати гарав дар бонк қарордошта мувофиқи мақсад аст.
«Вале мутаассифона, оид ба масъалаи афзудани қарзи ширкат дар назди бонк то ҳанӯз ҳеҷ чорае андешида нашудааст. Намояндагони бонк ваъда доданд, ки рӯзҳои наздик ин масъаларо бозбинӣ намуда, дар бораи пардохти қарзи воқеии ширкат ба бонк ба маблағи 2 млн. 400 ҳазор сомонӣ ё ҳаҷми афзудаи он ба маблағи 4 млн. 990 ҳазор сомонӣ қарори ниҳоӣ қабул мекунанд», - гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки даҳаи сеюми моҳи июни соли равон ҶСК «Ориёнбонк» изҳор намуд, ки ҳаҷми қарзи ширкати «Мовароуннаҳр»-ро то 4 млн. 990 ҳазор сомонӣ афзуда, барои пардохти қарз иншооти ба сифати гарав гузоштаи ширкатро ба фурӯш гузоштанист.
Дар навбати худ, баъди чанде ширкати «Мовароуннаҳр» дар посух изҳор дошт, ки агар ҶСК «Ориёнбонк» ба пардохти қарзи чанде қабл зиёдшуда дар ҳаҷми 4 млн. 990 ҳазор сомонӣ исрор варзад, ширкати «Мовароууннаҳр» ба суд муроҷиат мекунад. Ширкат ба унвони бонк мактуби расмӣ фиристода, ишора намуд, ки маблағи воқеъии қарзи ширкат дар назди бонк ҳамагӣ 2 млн. 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Пас аз се рӯз ҶСК «Ориёнбонк» посух дод, ки пешниҳоди ширкати «Мовароуннаҳр» дар мавриди зиёд шудани ҳаҷми қарзро баррасӣ намуда, дар муддати як моҳи тибқи қонун муқарраршуда ба номаи онҳо посух медиҳад.
Қазоқистон низ тафтиши муҳоҷирони кории тоҷикро бештар ва дар фурудгоҳҳо чораҳои амниятиро пурзӯр кардааст
Тоҷикистон дар раддабандии озодии матбуот боз ду зина поён рафт
Имсол ба ҳар як иштирокчии ҶБВ қариб 50 ҳазор сомонӣ медиҳанд
Вазорати умури дохилии Русия тартиби сабти номи шаҳрвандони хориҷиро шарҳ дод
Роҳхатҳои олимпӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: кӣ аз ҳама зиёдтар дорад?
Дар радабандии ФИФА мунтахаби футзали Тоҷикистон байни 139 кишвар зинаи 34-умро ишғол кард
“Ба хотири шаффофият!”. Пули иҷораи китобҳои дарсӣ низ дигар ғайринақдӣ супорида мешавад
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Душанбе чанд пул мегиранд?
Ном ба ном. Зимни тағйироти кадрии имрӯза кӣ чӣ вазифа гирифт ва ё аз мансаб озод шуд?
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав меравад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста