Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон 2, 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳаҷми ин қарз дар муқоиса бо аввали соли равон қариб 7 ҳазор $ коҳиш ёфта, нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 25,7% баробар аст.

Соли равон барои пардохти қарзи беруна 82,25 млн. $ ва пардохти фоизҳо 23,34 млн. $ маблағ равона шудааст. Соли 2013 барои пардохти қарзи асосии хориҷӣ ҷудо кардани 100,4 млн. $ ва фоизҳо ҳудуди 33 млн. $ пешбинӣ шудааст.

Дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2014 ҷиҳати пардохти қарзи хориҷӣ равона гардидани 689,9 млн. сомонӣ, аз ҷумла пардохти қарзи асосӣ – 520,2 млн. сомонӣ ва фоизҳо аз қарз – 169,7 млн. сомонӣ маблағ дар назар аст. Бо ин мақсад соли 2015 – ҷудо гардидани мутаносибан 534,8 млн. сомонӣ ва 161,9 млн. сомонӣ ва соли 2016 – 582,5 млн. сомонӣ ва 154,3 млн. сомонӣ маблағҳо пешбинӣ мешавад.