Аз 17-уми ноябр дар хати интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол», ки шабакаҳои барқи ҷанубу шимоли кишварро пайваст мекунад, корҳои таъмир оғоз мегарданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод, корҳои таъмир дар ҳамдастӣ бо мутахассисони чинӣ дар муддати 6 рӯз анҷом дода мешаванд.

«Дар давоми баргузории корҳои таъмир тамоми иншооти гидроэнергетикии минтақаи шимоли кишвар ба реҷаи кори пурзӯр гузаронида мешаванд», - иброз дошт ӯ.

Сухангӯи ширкат нисбатан шадид гардидани лимити истифодаи барқ ба аҳолии вилояти Суғд дар давраи баргузории корҳои таъмирро аз эҳтимол дур намедонад.