Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) дар таърихи худ бори нахуст ба ташкилоти хурди қарздиҳӣ сармоягузории саҳҳомӣ анҷом медиҳад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии бонк дар Душанбе хабар доданд, БАТР ва Ширкат оид ба маблағгузории рушди Нидерланд дар ҳамдастӣ ба маблағи 6,5 млн. $ ҳар кадоме 12,5%-и саҳмияҳои ташкилоти муваффақи хурди қарздиҳии Тоҷикистон – «ИМОН Интернешнл»-ро дасрас мекунанд. «Ин муомилот ба табдили «ИМОН» ба бонк кумак мекунад», - таъкид доштанд дар намояндагии бонк.

Роҳбари намояндагии доимии БАТР дар Душанбе Улф Хиндстрем дар ин робита изҳор намудааст, ки «ИМОН» аллакай оид ба ҷалби пасандозҳо иҷозатнома гирифт, то ки ба бонки хурди молиявии махсус табдил ёбад ва ба мизоҷон хизматгузориҳои нави бонкӣ пешниҳод созад».

Ташкилоти хурди қарздиҳии «ИМОН ИНтернешнл» ташкилоти хурди молиявии бузургтарини Тоҷикистон аст, ки ба қариб 60 ҳазор мизоҷон ххизматгузорӣ мекунад. Ташкилот дорои шабакаи густардаи иборат аз 102 адад филиал ва марказҳои хизматгузорӣ мебошад.

Маросими имзои қарордод санаи 28-уми ноябр дар шаҳри Хуҷанд доир мегардад. Дар маросими мазкур иштироки саҳҳомони «ИМОН ИНтернешнл» (аз ҷумла саҳҳоми кунунӣ – фирмаи сармоягузориву машваратии голландии Triple Jump), кормандони ҳукумат, Бонки миллӣ, созмонҳои молиявӣ, сафоратхонаҳо, ҷамъиятҳои мададрасонон дар назар аст. БАТР-ро дар маросим сардори шуъбаи ташкилотҳои молиявии гурӯҳи тиҷоратии Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Муғулистон Майк Тейлор, роҳбари намояндагии доимии БАТР дар Душанбе Улф Хиндстрем ва роҳбари лоиҳа, коршиноси варзидаи БАТР Фирӯза Исҳоқова намояндагӣ мекунанд.

Ба гуфтаи директори генералии «ИМОН ИНтернешнл» Санавбар Шарифова, таърихи ҳамкории БАТР ва «ИМОН» аз соли 2005, ҳангоми аз ҷониби ташкилот дастрас гардидани нахустин қарзи тиҷоратӣ аз бонки мазкур оғоз гардидааст. «Имрӯз аз он ифтихор дорем, ки БАТР саҳҳоми ташкилоти мо мешавад ва умедворем, ки таҷрибаи БАТР ба пешрафи кишвари мо ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа нафъи зиёд хоҳад овард», - гуфтааст Санавбар Шарифова.