Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ бо назардошти нисбатан ба натиҷаҳои назаррас дар иҷрои уҳдадориҳои андозӣ Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон андозсупорандагони беҳтарин дар соли 2013-ро муайян кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи мазкур,  ҶСП “Комбинати шири Душанбе”, ҶСП “Казкоммерсбонк”, ҶСП “ТТ-Мобайл”, ҶДММ ТАКХ “Имон Интернешнл”, ҶСП “Баҳористон” ва  Артели заршӯии “Одина” андозсупорандагони беҳтарини сол дониста шуданд.