Дар Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барои хизматгузории ширкатҳои сайёҳӣ гӯшаи алоҳида ифтитоҳ шуд.

Тавре аз котиботи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳбуди муҳити сармоягузории назди президенти ҶТ хабар доданд, ин иқдом ба хотири иҷрои супориши протоколии ҷаласаи Шӯрои машваратӣ аз 13-уми декабри соли 2013 дар доираи ислоҳот дар бахши сайёҳӣ рӯйи кор омад.

«Гӯшаи алоҳида ба пурмаҳсулии фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ ва соддакунии кори онҳо ба таври назаррас беҳбуд бахшида, ба ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ва рушди ин соҳаи муҳим дар кишвар мусоидат хоҳад кард», - зикр мекунанд дар Раёсати консулгарии ВКХ.

Ба иттилои манбаъ, гуруҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва бахши хусусӣ бо ҷалби коршиноси байнулмилалӣ бахши сайёҳии Тоҷикистонро мавриди таҳлил қарор дода, дар заминаи ин таҳлил ҳуҷҷати таҳқиқотии «Модели рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон: таҳлил ва тавсияҳо» таҳия гардид.

Гуфта мешавад, ҳуҷҷат аз 49 тавсияҳои муфассал оид ба рушди бахши сайёҳӣ ва лоиҳаи нақшаи чорабиниҳои ҳукумат дар ин самт иборат буда, ин ҳуҷҷатҳо ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаи 12-уми Шӯрои машваратӣ пешниҳод гардиданд ва оид ба амалисозии онҳо қарорҳои дахлдор қабул шуд.