Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи тағийроту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибавӣ ва молиявӣ» баррасӣ шуд.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ташаббускори ворид намудани тағийроту илова Вазорати молия буда, бинобар сабаби дар вазъи ногувор қарор доштани баҳисобгирии муҳосибӣ ва молиявӣ дар сохторҳои ғайриҳуқукуматӣ, ҷорӣ шудани ин тағйиротро мувофиқи мақсад мешуморад.

«Моҳияи тағийроту илова дар он ифода меёбад, ки пас аз қабулу мавриди амал қарор гирифтани онҳо, назорати давлатӣ аз болои баҳисобгирии муҳосибӣ ва молиявӣ дар муассисаҳои ғайриҳукуматӣ пурзӯр карда мешавад», - зикр кард Султонов.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи қонун «Дар бораи дастгирии давлатӣ ва ҳимояти соҳибкорӣ», тағийроту илова ба қонунҳо «Дар бораи маориф», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва «Дар бораи гурезаҳо» низ баррасӣ шуданд.