Зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) бо сафири Белорус дар ҶТ Олга Гаврук маҷмӯи масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо ва густариши онҳо дар чаҳорчӯби шӯрои кории «Тоҷикистон – Белорус» баррасӣ шуданд.

Шариф Саид ҷараёни мусбати густариши ҳамкориҳо ва роҳандозии самтҳои нав дар онро таъкид дошта, ба ҷониби Белорус пешниҳод намуд, ки дар Тоҷикистон намоишгоҳи маҳсулоти Белорус ва ҳамоиши соҳибкорону доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар баргузор карда шавад.

Сафири Белорус аз ин пешниҳод комилан дастгирӣ намуда, изҳор кард, ки фаъол сохтани ҳамкориҳо тавассути баргузор кардани намоишгоҳ ва дигар чорабиниҳои муштарак, таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ хеле муҳим аст.